Марзи Тоҷикистону Афғонистонро заминларза такон дод

Дараҷаи энергетикии заминҷунбӣ - 12,1 ва маркази он дар жарфои 20 км ҷойгир будаст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Имрӯз, 6 май  соати 05:01 бо вақти Душанбе марзи Тоҷикистон ва Афғонистонро заминҷунбии 5,7-балла такон дод, хабар медиҳад маркази заминларзашиносии Кумитаи илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон.

Дараҷаи энеретикии заминҷунбӣ — 2,1 буда,  маркази он дар 749 километрии ҷанубу ғарбии Қазоқистон дар жарфои 20 км ҷойгир шудааст.

Талафоти ҷониву молие ба қайд гирифта нашудааст.

Пештар Маркази заминларзашиносии Урупо (EMSC) хабар дод, ки рӯзи 28 апрел дар марзи Тоҷикистону Афғонистон заминҷунбии 5,8-балла рух дод.

Бино бар иттилои коршиносон, маркази заминҷунбӣ 850 килеметрии ҷанубу ғарбии Остона дар жарфои 80 км будааст.

Он вақт низ, талафоти ҷониву молие ба қайд гирифта нашуда буд.