Сергей Лазарев дар бораи Меҳрона: суруд, ҳунарнамоӣ ва овоз - ҳаммааш олӣ буд

Ҳунарманди номдор гуфт, Меҳрона пурра аз ӯҳдаи иҷрои суруд баромад - суруд, ҳунарнамоӣ ва овоз - ҳаммааш олӣ буд
Sputnik

Меҳрона Ғайбуллоева ба давраи нимниҳоии озмуни "Ту беҳтаринӣ!" роҳ ёфт.

Се довар, аз чор нафар, ба ҷонибдории овозхони ҷавон тугмаи сабзро пахш карданд.

"Меҳрона, нақше, ки ту барои худ эҷод кардӣ, овоз ва дар умум ҳунарнамоӣ- олӣ буд", —  гуфт Сергей Лазарев.

Юлианна Караулова низ, ба ҳунарнамоии Ғайбуллоева баҳои баланд дод.

"Ба ман хело писанд омад. Ҳам аз овоз олӣ буд ва ҳам ҳунарнамоӣ. Тӯ аз ӯҳдаи иҷрои суруд ба хубӣ баромадӣ", — гуфт вай.

Худи Меҳрона қоил шуд, ки ӯ аз худ доим боварӣ дорад. Вай аз ҳамаи мухлисоне, ки ба ҷонибдории вай овоз медиҳанд, муташаккир шуд.