Тоҷикистону Қирғизистон баҳри татбиқи лоиҳаи СASA-1000 талошҳои муштарак хоҳанд кард

Тоҷикистону Қирғизистон бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд ва рушди иқтисодии кишварҳо, дар оянда бояд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муҳиму стратегӣ, аз қабили бунёди роҳҳои оҳану мошингард, амалӣ кардани лоиҳаҳои энергетикӣ талошҳои муштаракро ба роҳ хоҳанд монд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Тоҷикистону Қирғизистон баҳри татбиқи лоиҳаи СASA-1000 талошҳои муштарак хоҳанд кард. Ин нуқтаи назарро имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири умури хориҷаи Қирғизистон Эрлан Абдилдаев дар рафти мулоқоташон зикр карданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 4 май раисҷумҳур  дар ҳошияи кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез" вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаевро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ карда шуд.

"Ҷонибҳо зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ки самтҳои афзалиятноки сиёсӣ, иқтисодӣ, обу энергетика ва нақлиётию транзитиро дар бар мегирад, барои таҳкиму густариши онҳо ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои дуҷонибаро зарур шумурданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистон бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан судманд ва рушди иқтисодии кишварҳо, дар оянда бояд баҳри татбиқи лоиҳаҳои муҳиму стратегӣ, аз қабили бунёди роҳҳои оҳану мошингард, амалӣ кардани лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла лоиҳаи СASA-1000 ва дигар бахшҳои асосӣ талошҳои муштаракро ба роҳ монад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои рушди робитаҳои мустақим дар соҳаҳои маориф ва илм, фарҳанг ва дигар бахшҳои судмандро муҳокима карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳо вобаста ба муборизаи муштарак бар зидди таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, баррасӣ карда шуд.