Пирӯзии Муҳаммад Осимӣ дар сабқати шоҳмот дар Хуҷанд

Дар Хуҷанд барои дарёфти мукофоти Раиси шаҳр бахшида ба таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат!" мусобиқаи шоҳмот баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд аз 1 то 3 май байни хонандагони мусассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳр барои дарёфти мукофоти Раиси шаҳр сабқати шоҳмот баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳдори Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, мусобиқа ба Рӯзи ҷавонон бахшида шуда, таҳти унвони "Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат" гузаронида шуд.

"Муайян гардид, ки байни писарон ҷои якумро Дориюш Усмонов, хонандаи гимназияи ба номи Ё.В.Гёте, ҷои дуюмро Муҳаммад Осимӣ хонандаи литсейи донишкадаи политехникӣ ва ҷои сеюмро Ҷаъфар Деҳқонов хонандаи гимназияи ба номи Ё.В.Гёте соҳиб гардиданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Беҳтарин шоҳмотбозони Ишкошим ба Хоруғ мераванд

Аз байни духтарон мақоми аввалро Мўниса Раҳимова хонандаи гимназияи №24, ҷои дуюмро Мухбира Саидалиева хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №11 ва ҷои сеюм Замирахон Алиева хонандаи мактаби хусуси "Гулчини маърифат" ба даст оварданд.

Бахтёр Исматҷонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ба ғолибони мусобиқа ҷом, диплом, сипоснома ва тўҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро тақдим намуд.

Бояд таъкид намуд, ки ин ибтикор бо мақсади тарғибу ташвиқи шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳо, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ, майян намудани бозингарони беҳтарин бахшида ба соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" ва таҷлили Рўзи ҷавонони Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар он 56 нафар писарон ва 16 нафар духтарон аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.