"Шумо миред хору хас нагиряд": посухи Исмоил Зарифӣ ба бадгӯёни Бозор Собир

Якуми май соли равон Бозор Собир-шоири тавонои тоҷик дар синни 79-солагӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли Вашингтон вафот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Шоири номдор ва тавонои тоҷик Бозор Собир пас аз бемории тӯлонӣ дар Амрико вафот кард.

Хабари марги шоир намояндагони табақаҳои гуногуни Тоҷикистонро ҳузнангез кард. Бештари корбарони фаъоли Фейсбук  дар саҳифаҳои худ ва гурӯҳҳо пас аз хабари вафоташ марсияҳо менавиштанд.

Аммо корбароне шоирро барои бархе ақидаҳояш мазаммат мекарданд, ки боиси ранҷиши ҳаводорони вай гардид.

Исмоил Зарифӣ- шоири тоҷик, ки чанд марсияашро ба Бозор Собир бахшидааст, дар яке аз онҳо ба бадгӯёни вай чунин посух гуфтааст:

Ҷаҳон бигрист андар марги шоир,
Шумо миред ҳаргиз кас нагиряд.
Фалак сад нола дорад дар ғами ӯ,
Шумо миред хору хас нагиряд.
Надоред қадри гарди домани ӯ,
Ҳасудони дили бемори шоир.
Гуноҳаш аз Шумо авлост, авлост,
Аё вомандагони доми тазвир.
Худо худ қозии рӯзи ҷазо ҳаст,
Шумо ҳукми паси парда надонед.
Шумо алломагони навбаромад,
Хате аз дафтари қисмат нахонед.
Бимонад рӯи саҳфа номи Бозор,
Вале дар зиндагонӣ бенишонед.
Ҳасудони парешонгӯи ноаҳл,
Шумо беқадр чун барги хазонед.

Пештар хабар дода шуд, ки ҷанозаи Бозор Собирро ба Тоҷикистон меоранд. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид супориш додааст, ки ҷасади шоир Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан биёранд. Наздикони шоир гуфтанд, ки бо ин иқдоми Тоҷикистон розиянд, аммо ҳоло рӯзи маросими дафн маълум нест.