Пирӯзии чаҳор варзишкори Хуҷанд дар АМА

Аз 14 то 28 апрели соли равон дар шаҳри Абу Дабии Аморати муттаҳидаи Араб Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиуҷитсу бо ширкати беш аз 7000 намояндаи 106 давлати дунё баргузор шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Чаҳор варрзишкор аз шаҳри Хуҷанд дар сабқати бонуфузи байналмилалӣ пирӯз шуданд, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки дар умум аз вилояти Суғд дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷиуҷитсу 13 нафар ширкат кардаанд.

Сабқат аз 14 то 28 апрели соли равон дар шаҳри Абу Дабии Аморати муттаҳидаи Араб бо ширкати беш аз 7000 намояндаи 106 давлати дунё баргузор шудааст.

Ҳамин тавр 4 нафар хонандагони макотиби шаҳри Хуҷанд дар мусобиқа ғолибият ба даст оварданд.

Ҳамин тавр, Муҳаммадалии Сафиоллоҳӣ мақоми аввал, Эраҷ Эминзода, Абдусалом Салимов ва Амриддин Абдукабирзода ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд. Ғолибонро дар фазои тантанавӣ намояндагони Раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳру вилоят, ҳамсинфон, мураббиён, волидайн дар назди муҷассамаи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд истиқбол намуданд.

Дар ин мусобиқа аз шаҳри Хуҷанд 8 нафар иштирок намуда, ғайр аз 4 нафари ғолибон, ҳамзамон Шероз Ахмедов ва Абдуғафур Абдуллоев роҳхати иштирок дар Қаҳрамонии Осиё, ки моҳи июн дар давлати Қазоқистон баргузор мегардад, ба даст оварданд.