Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон ба Тоҷикистон меояд

Вазири умури хориҷаи Қирғизистон Абдилдаев Эрлан ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Интизор меравад, ки вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ҷаноби Абдилдаев Эрлан,    рӯзҳои 5-6 майи соли 2018 ба Тоҷикистон меояд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 — ташрифи  ҳайатҳои иштирокдори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд "Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез"  ба  Тоҷикистон дар назар аст.

Вазири умури хориҷаи Узбакистон ба Тоҷикистон меояд

Пештар хабар дода шуд, ки вазири умури хориҷаи Убакистон Абдулазизи Комилов рӯзҳои 3-4 ба Душанбе сафар мекунад.

Вай дар кори ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланди "Мубориза бо тероризм ва экстримизми иҷборӣ" ширкат хоҳад кард.

Барои ширкат дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе ҳоло бештар аз 400 меҳмон худро номнавис кардаанд.

Интизор меравад, ки дар он намояндагони вазоратҳои умури хориҷаи бештар аз 50 давлат ва 30 ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок кунанд.

Эҳтимол меравад, дар назди ҳозирон раисҷумуҳри Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кунад.