Туркия дар Узбакистон тилло истихроҷ мекунад

Дар марҳилаи аввал Туркия барои таҳқиқоти конҳои истихроҷи тиллои Узбакистон 5 миллион доллар ҷудо хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Кумитаи давлатии ҷуғрофии Узбакистон ва Вазорати энержии Туркия дар бораи таҳқиқоти се кони тиллои Узбакистон созишнома имзо карданд, хабар медиҳад равобити умумии Кумита.

Ба гузориши манбаъ, созишнома дар чорчӯби сафари раисҷумҳури Туркия Раҷаб Эрдуғон ба Узбакистон сурат гирифтааст.

"Дар марҳилаи аввал Туркия барои омӯзиши конҳои истихроҷи тиллои Узбакистон 5 миллион доллар ҳазина хоҳад кард", — гуфтааст манбаъ дар суҳбат бо РИА Новости.

Эрдуғон ба Узбакистон сафар мекунад

Ба гуфти мусоҳиб сухан дар бораи таҳқиқоти муштараки кони тиллои Хуроби вилояти Ҷиззак ва Айдим-Ҷетитауи вилояти Навоӣ меравад.

Гуфта мешавад, ки таҳқиқоти конҳо ҳамин сол оғоз мешавад.

Ба гуфти ҷониби Узбакистон захираи конҳои Хуроб ва Айдим-Ҷетимтау то охир омӯхта нашудаанд, захоири тахминии тиллои конҳо-75,2-тонна, волфрам, — 740 ҳазор тонна, молибден — 24 ҳазор  тонна мебошад.

Ёдоварӣ мекунем, ки моҳи марти соли 2017, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар вилояти Навоӣ хишти аввали корхонаи нави истихроҷи тиллоро гузошт.

Ин корхона бо ҳазинаи 396 милюн доллар сохта мешавад ва интизор меравад, ки солиёна 5 милюн тон маъдан истихроҷ кунад.

Узбакистон аз ҳисоби захираи тилло дар ҷаҳон чаҳорумин мақом ва аз ҳисоби коркарди тилло нӯҳумин мақомро дар минёи кишварҳои ҷаҳон дорад. Дар ин кишвар 41 кони тилло ёфт шуда, ки нӯҳтояшон истихроҷ мешаванд.

Ҳаҷми захоири кашфшуда ва таъйидшудаи тилло дар Узбакистон 2,1 ҳазор тон баровард шудааст. Ҳаҷми куллии захоири тилло камубеш 3,35 ҳазор тонро ташкил медиҳад.

Бузургтарин корхонаҳои истихроҷи тиллои Узбакистон дар Навоӣ ва Олмалиқ ҷой доранд.

Пештар хабар дода шуд, ки хонуми аввали Узбакистон Зироат Мирзиёева, 30 апрел бо хонуми якуми Туркия Эмина Эрдуғон мулоқот кард.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 29 апрел бо сафари давлатӣ вориди  Узбакистон шуд. Ҳоло гуфтушуниди ҷонибҳо идома дорад.

Дар ин дидор сарони Узбакистону Туркия масоили рушди муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитариро баррасӣ мекунанд.