ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Тоҷикистон нақшаи кишти пахтаро қариб пурра иҷро кард, хабар медиҳад Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
"Мувофиқи нақшаи соли ҷорӣ кишти пахта дар Тоҷикистон 94,2% иҷро шуд", — менависад манбаъ.
Манбаъ меафзояд, дар Тоҷикистон майдони кишти пахта дар соли ҷорӣ 187500 гаро ташкил медиҳад.
"Кишоварзон аз боду ҳавои мусоиди баҳорӣ самаранок истифода бурда, кишти пахтаро то санаи 23 апрели соли ҷорӣ ба 176588га расониданд, ки 94,2%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад" — тавзеҳ медиҳад вазорати кишоварзӣ.
Иҷрои нақшаи кишти пахтаро кишоварзони ноҳияҳои Зафаробод, Бохтар, Ҷ.Балхӣ, А.Ҷомӣ, Вахш, Леваканд, Восеъ, Ҳамадонӣ, Фархор ва Қушониён сад дар сад иҷро намуданд.
Ҳамчунин барои сари вақт ба анҷом додани маъракаи кишти пахта аз ҳисоби олимону мутахассисони соҳа ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шудааст.
Кишти пахта имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон идома дорад дар он 1867 адад техника бо тухмипошакҳои муосир истифода мешаванд.