Раисҷумҳур ба собиқадорони ҷанг дар арафаи 9 май 57-долларӣ медиҳад

Ба муносибати 73-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба собиқадорони ҷанг ва заноне, ки шавҳаронашон дар ҷабҳа фавтидаанд, дар фазои тантанавӣ 200 манатӣ аз номи раисиҷумҳури Туркманистон эҳдо мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Туркманистон ва занҳое, ки шавҳаронашон дар ҷанг фавтидаанд, дар арафаи 9-уми май мукофотпулии якдафъаина дар ҳаҷми 200 манат (тақрибан 57$) ва ҳадяҳои қимматбаҳо мегиранд, иттилоъ медиҳад телевизиони Туркманистон.

Дастури муносибро дар ҷаласаи ҳукуматӣ раисиҷумҳури Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуаҳамедов имзо намуд.

Санад ба мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин ба дастгоҳи Шӯрои пиронсолони Туркманистон тавсия медиҳад, ки ба муносибати 73-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба собиқадорони ҷанг ва занҳое, ки шавҳаронашон дар ҷабҳа фавтидаанд, аз номи раисиҷумҳури Туркманистон, дар фазои тантанавӣ 200 манатӣ мукофотпулӣ ва ҳадяҳои қимматбаҳо, эҳдо гардад.

Имсол Рӯзи Ғалаба 9 май бори нахуст дар Туркманистон бидуни ироаи рӯзи истироҳат ҷашн гирифта мешавад. Моҳи октябри соли гузашта раисиҷумҳур Қурбонқулӣ Бердимуаҳамедов дастур роҷеъ ба санаҳои идӣ ва ёддоштиеро имзо кард, ки  тибқи он дар Туркманистон як идда ҷашнҳо бе пешниҳоди рӯзҳои истироҳат, таҷлил мегарданд.