Заминларзаи шадид дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Коршиносон хабар додаанд, ки заминларзаи шоми гузашта дар марзи Тоҷикистон чанд балро ташкил медод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Шоми гузашта, 28 аарел дар марзи Тоҷикистону Афғонистон заминларзаи шадид рух дод, ки қувваи он 5,8 балро ташкил медод, хабар медиҳад Маркази заминларзашиносии Урупо (EMSC).

Бино бар иттилои коршиносон, маркази заминҷунбӣ 850 килеметрии ҷанубу ғарбии Остона дар жарфои 80 км аст. Дар бораи талафоти ҷониву молии зилзила хабар дода нашудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки ар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Заминҷунбӣ соати 15:52 бо вақти Гринвич (20:52 бо вақти Душанбе) рух додааст, омадааст дар хабарнома.

Дар Душанбе заминларза бо қувваи 2 баллӣ эҳсос шудааст.

Қувваи заминларза дар марказаш 3 баллро ташкил додааст. Маркази он 272 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон воқеъ будааст.

Коршиносон қайд мекунанд, ки ин ҳодиса харобие дар пай надоштааст.