Ҷавонони Душанбе барои ҳамсолонашон аз ВМКБ базм барпо карданд

Дар Маркази таълимии ВКД барои ҷавонони фаъоли ВМКБ, ки чанде пеш ба Душанбе омаданд, чорабинии фарҳангию фароғатӣ барпо шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар он як гурӯҳ ҷавонон аз ВМКБ, ки дар меҳмонии ҷавонони шаҳри Душанбе қарор доштанд, бо ҳамроҳии гурӯҳи "Авангард" ширкат кардаанд, хабар медиҳад равобити умумии ВКД.

Ба гузориши манбаъ, дар ин шом ҷавонон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз бардоштҳояшон аз сафар ба пойтахти мамлакат нақл кардаанд. Ҳангоми баргузор гардидани ин чорабинӣ ҷавонон аз шавқ гоҳ мерақсиданду гоҳи дигар бо сурудхонӣ машғул мешуданд.

Моҳбегим Одилбекова-гулдухтаре аз ВМКБ дар ин бора гуфтааст, ки "мо ҷавонон аз дастгириҳои ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои вазири корҳои дохилӣ генерл-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода, барои иқдомҳои наҷибашон, ки баҳри мо ҷавонон роҳандозӣ гардидааст, миннатдор ҳастем".

Шоми хотирмони ҷавонон

Ба гуфти ӯ бо ин восита дар байни ҷавонони ВМКБ ва дигар шаҳру навоҳии кишвар, дӯстию рафоқат бештар мешавад.

"Хушҳолем, ки зимни сафари худ бо ҳамсолони худ аз манотиқи гуногуни кишвар ошноӣ пайдо кардем",-гуфтааст Моҳбегим.

Вазир ба ҷавонони ВМКБ: ғамхории ҳукумат бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш сад нафар донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳои шаҳри Хоруғ ба Душанбе омаданд. Онҳо дар ин сафар аз мавзеъҳои таърихии пойтахт боздид карда, бо вазири корҳои дохилӣ, Рамазон Раҳимзода дидору мулоқот кардаанд.

Ин барномаи сафарӣ бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар доираи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ", роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории сафари ҷавонони вилоят ба шаҳри Душанбе, ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон, аз наздик ошно шудан бо дастовардҳо, фарҳанги ниёгон, маданияти шаҳрдорӣ ва тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи эҳтироми арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва таҳкими сулҳу суботи кишвар аст.