Сакта: нишасти изтирории ҳавопаймои хатсайри Петербург-Хуҷанд дар Маскав

Ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии" ба далели беҳолии мусофир дар фурудгоҳи "Шереметево" Маскав изтироран фуруд омад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Парвози ҳавопаймо дар хатсайри Санкт-Петербург-Хуҷанд ба далели сактаи қалби яке аз мусофирон ба таъхир уфтод, ҷадвали итттилоъравони фурудгоҳи Хуҷанд.

Ҳавопаймои ширкати "Уральские авиалинии" ба далели беҳолии мусофир дар фурудгоҳи "Шереметево" Маскав изтироран нишаст.

"Сарнишини ҳамвопаймои А-321 ширкати "Уральских авиалиний" пас аз як соати парвоз барои нишасти изтирорӣ дар наздиктарин фурудгоҳ иҷозат пурсид, чун аҳволи яке аз мусофирон бисёр бад шуд. Қарор шуд, ки парвоз ба таъхир гузошта шавад ва ҳавопаймо дар фурудгоҳи "Шереметево" фуруд ояд, — гуфт манбаъ.

Вақте ҳамопаймо фуруд омад, мусофири беморро гурӯҳи пизишкон аз ҳамопаймо берун оварданд. Онҳо ба бемор ёрии таъҷилӣ расонидаанду ӯро ба яке аз бемористонҳои пойтахти Русия бурдаанд.

Акнун ба зиндагии ин мусофир чизе таҳдид намекунад.

Пас аз ин ҳодиса ҳавопаймо сафарашро ба шаҳри Хуҷанд идома дод.