ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми нахуствазири Қазоқистон Аскар Маминро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот ҳолат ва дурнамои рушди маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин роҳҳои густариши минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.
Ҷонибҳо аз самти тамоюлҳои мусбии ҳамкории самарабахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, натиҷаҳои охирин сафари раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон ба Остонаро баҳри идомаи якҷояи кору татбиқи созишномаҳои музокироти сатҳи олӣ, муҳим арзёбӣ намуданд.
"Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳарчи зудтар дар амал татбиқ намудани бастаи санадҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла "Созишнома дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар" — ро, махсус таъкид намуд",- гуфта мешавад дар гузориш.
Зимни мулоқот инчунин масъалаи баланд бардоштани сатҳи робитаҳо дар доираи ҳамраисии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, ки дар он рушди маҷмӯии муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ мегардад, муҳокима карда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ, таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, диверсификатсияи тиҷорат миёни ду кишвар, рушди муносибатҳои байни минтақаҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва тиҷоратӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва саноати сабук, бахусус дар соҳаҳои энергетика ва туризм, кишоварзӣ, инчунин дигар соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои алоқа, нақлиёт, транзит, истифодаи оқилонаи захираҳои обию энергетикӣ, таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва таҳсилоти олӣ, аз мавзуъҳои дигари мулоқоти дуҷониба буд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба саҳм ва нақши Ҷаласаи охирини сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти рушди ҳамкории минтақавӣ баҳои баланд дода, натиҷаҳои онро баҳри ҳалли мушкилоти минтақавӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо бори дигар омодагии худро барои идомаву тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ ба хотири аз байн бурдани тамоми монеаҳои роҳи рушди муносибатҳои байнидавлатӣ иброз доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.