Имзои 16 санади ҳамкорӣ дар сафари Бердимуҳаммадов ба Узбакистон

Рисҷумҳури Туркманистон ҳамчунин сафари худ ба Тошкандро як сафари таърихӣ донист ва таъкид кард, масъалаи ҳаллнашудае байн ду кишвар вуҷуд надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik.Раисони ҷумҳури Туркманистон ва Узбакистон дар шаҳри Тошканд 16 санади ҳамкорӣ имзо карданд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар дидор бо Шавкат Мирзиёев гуфт, ин санадҳо дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла, иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятӣ имзо шуд.
Раисҷумҳури Туркманистон ҳамчунин сафари худ ба Тошкандро як сафари таърихӣ донист ва таъкид кард, масъалаи ҳаллнашудае байн ду кишвар вуҷуд надорад.
Шавкат Мирзиёев низ бар густариши беш аз пеши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонии ду кишвар таъкид кард.

Пештар хабар дода шуд, ки дар марзи Тоҷикистону Узбакистон 18 намояндагии сарҳадӣ ба кор шурӯъ хоҳанд кард, ки 7-тои онҳоро Душанбе ва 11-тояшро Тошканд бунёд мекунанд.

Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи байни Ҳукуматҳои ҷумҳурӣ ва Узбакистон созишнома ба тасвиб расид.

Созишнома боз кардани 18 намояндагиро дар марзи ду кишвар пешбинӣ мекунад. Аз онҳо 7-тояшро Тоҷикистон ва 11-тояшро Узбакистон месозанд.

Намояндагиҳои сарҳадӣ бевосита ва фавран баҳсҳо ва ихтилофҳои пешомадаро бартараф хоҳанд кард.

Афзун бар ин, дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон Созишномаи дар моҳи декабри соли гузашта имзошудаи байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб низ ба тасвиб расид, ки ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобиларо дар масоили гумрукӣ даро назар дорад.Созишномаи мазкур табодули иттилоот ва маълумоти оморӣ байни идораҳои гумрукии ду кишварро пешбинӣ мекунад.