Заминҷунбии Афғонистон Тоҷикистонро такон дод

Дар Душанбе заминларзаи кишвари ҳамсоя эҳсос шудааст, хушбахтона ин ҳодиса қурбоние дар пай надоштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр— Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад Маркази зилзилашиносии Урупо (EMSC).

Заминҷунбӣ соати 15:52 бо вақти Гринвич (20:52 бо вақти Душанбе) рух додааст, омадааст дар хабарнома.

Дар Душанбе заминларза бо қувваи 2 баллӣ эҳсос шудааст.

Қувваи заминларза дар марказаш 3 баллро ташкил додааст. Маркази он 272 километр шарқтар аз шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон воқеъ будааст.

Коршиносон қайд мекунанд, ки ин ҳодиса харобие дар пай надоштааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки авоили моҳи апрел дар ҷануби Тоҷикистон дар паи заминларза 60 манзили зист вайрон шуда буд. Аз ин ҳисоб ҳафт хона пурра хароб гардида буд.