ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Марзбонони вилояти Астрахан дар нуқтаи гузаргоҳи "Аксарайский" мусофири 58-солаеро аз вагони қатор фароварданд.
Ҳангоми тафтиш маълум гашт, ки сокини Тоҷикистон 20 сол боз дар Русия бо шиносномаи шӯравӣ зиндагӣ мекардааст. Чӣ тавре, ки марзбонон маълум намудаанд, шиноснома номуътабар ба шумор меравад.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия додани шаҳодатномаи баргашт ба шаҳрвандро рад кард, зеро далели санадии таъйиди шаҳрвандии худро надоштааст.
Ҳамин тавр, бо истифода аз вазъият, қаллобон бар ивази мукофотпулӣ ба ӯ як ҳуҷҷати нав ваъда додаанд.
Марзбонон нақл карданд, ки шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон вақте фаҳмид, ки бо шиносномаи қалбакӣ сафар дорад, бисёр ҳайратзада шуд.
Дар айни замон, мард дастгир шуда, нисбати вай парвандаи ҷиноӣ оид ба кӯшиши ворид шудан ба қаламрави Русия бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, боз гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли гузашта марзбонон дар вилояти Астрахан ду муҳоҷирро аз Тоҷикистон, ки саҳифаҳои шиносномаҳояшон канда шуда буд, нагузоштанд аз марзи давлатии ФР гузаранд.
Чӣ тавре, ки намояндаи Раёсати марзии ФСБ Русия дар Қалмиқистон ва вилояти Астрахан иттилоъ дод, аснод бо чунин камбудиҳо, беэътибор дониста мешаванд ва соҳибони онҳо ҳуқуқи қонунӣ убур кардани марзи давлатии Русияро надоранд.
Ҳамчунин дар авоили ноябри соли гузашта марзбонон аз қатори "Маскав-Душанбе" 151 муҳоҷири меҳнатиро, ки қонуни муҳоҷирати Русияро вайрон карда буданд, хориҷ кард. Мувофиқи шароити протоколҳои тартибдодашуда нисбати муҳоҷирон, додгоҳ роҷеъ ба ихроҷи маъмурии онҳо аз ҳудуди ФР, тасмим гирифта буд. Вайронкорҳо ҷарима низ шуда буданд.