Дар остонаи 9-уми май собиқадорони ҶБВ ба Тоҷикистон маҷҷонӣ занг мезананд

Куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи 9-уми май метавонанд ба дилхоҳ кишвари пасошуравӣ телеграмма фиристанд ё ройгон занг зананд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ метавонанд аз 25 апрел то 10-уми май аз хизматрасониҳои почтаи русиягӣ ройгон истифода баранд, хабар доданд дар хадамоти матбуотии ФГУП "Почта России".

Имкониятҳои вижа, дар доираи чорабиниҳо ба муносибати  9-уми май роҳандозӣ шудаанд. Барои истифода аз онҳо, бояд аснодеро пешниҳод намуд, ки таъйидкунандаи мақоми собиқадор ё маъюби ҶБВ-ро бошад.

Дар остонаи 9 май раҳбарони кишварҳои ИДМ дидори ғайрирасмӣ мекунанд

Телеграммаҳоро метавон ба Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон, Белорус, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Абхазия, Латвия, Литва, Эстония, Осетияи Ҷанубӣ ва Украина фиристод.

Барои шиносоӣ бо тафсилоти бештар, лутфан ба шумораи 8-800-100-0-800 занг занед ё ахбори лозимаро дар сомонаи расмии ширкати "Ростелеком" www.rt.ru пайгирӣ намоед.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, шумораи умумии собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, на бештар аз 1,8 миллион нафарро ташкил медиҳад ва ин сесад ҳазор камтар дар муқоиса бо соли 2016 аст.

Тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорон ва коркунони ақибгоҳ, алъон дар Тоҷикистон на бештар аз 345 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ибтидои соли 2017 шумораи онҳо 526 нафарт буд, ва дар моҳи май бошад, — 447.