Тағйироти кадрӣ дар Суғд: Мадина Бобоиён муовини раиси Исфара таъйин шуд

Бобоиён Мадина Абдуяқинзода хатмкардаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва ҳам аспирантураи Донигоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар ҳукумати вилояти Суғд тағйироти кадрӣ ба амал омад, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати ин вилоят.

"Дар мувофиқа бо раисҷумҳури Тоҷикистон ва бо қарори раиси шаҳри Исфара Бобоиён Мадина Абдуяқинзода муовини раиси шаҳри Исфара ва бо фармони вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Расулзода Дилшод Ҷабборӣ директори генералии ҶСШК "Тамохуш-ЗГМИ" таъин гардидаанд", — омадааст дар хабарнома.

Тағйироти кадрӣ дар Суғд: Аҳмадзода муовини раиси ноҳияи Спитамен таъин шуд

Шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин дар ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр ҳамзамон бо муаррифии муовини нави раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва ҳам директори генералии ҶСШК "Тамохуш-Заводи гидрометаллургии Исфара" Дилшод Расулзода дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияти комёбию муваффақият орзу кардааст.

Бобоиён Мадина Абдуяқинзода хатмкардаи факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва ҳам аспирантураи Донигоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнӣ буда, қаблан дар вазифаҳои гуногун дар ҶДММ "Телевизиони Исфара", Муассисаи давлатии "Телевизиони Сафина", Кумитаи кор бо занон ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бошад хатмкардаи Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Қазони Федератсияи Русия, номзади илмҳои техникӣ буда, яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи саноат маҳсуб меёбад.

Пештар Фирӯза Нуруллозода ва Ҷамшед Абдуқаюмзода ба вазифаҳои муовинони раиси шаҳри Хуҷанд таъйин гардиданд.