Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Фаластин баргузор мешавад

Дар ин бора сафири Фаластин дар Тоҷикистон бо муовини вазири фарҳанг суҳбат кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Рӯзи 24 апрел, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Зевар Давлатзода бо муовини вазири корҳои хориҷӣ оид ба Осиё ва Африкои Давлати Фаластин ҷаноби Мазен Шомия ва Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Фаластин дар Тоҷикистон, Муҳаммад Таршаханӣ дидору мулоқот кардааст.

Гуфта мешавад, меҳмонон дар бораи густариши муносибатҳои фарҳангӣ миёни Фаластину Тоҷикистон суҳбат кардаанд.

Муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода омодагии Тоҷикистонро ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ иброз доштааст.

Тоҷикистону Фаластин ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш медиҳанд

Мавзӯи дигаре, ки зимни мулоқот баррасӣ шудааст, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Фаластин дар Тоҷикистон ва иштироки намояндагони ду кишвар дар чорабинии фарҳангии ҳамдигар будаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Душанбе байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Фаластин машварати сиёӣ баргузор шудааст.

Дар ин дидор, тарафҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаластин ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ кардаанд.