Русия барои муҳоҷирон давраҳои омӯзиши ройгони забони русӣ роҳандозӣ мекунад

Давраҳои забони русӣ бояд танҳо барои он шаҳрвандоне пешниҳод шаванд, ки статусҳои гурезагӣ ё паноҳандагии муваққатӣ дошта бошанд, қайд карданд дар ВКД Русия
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Русия бояд давраҳои ройгони забони русӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил шавад, гуфт муовини сардори Раёсат оид ба масоили муҳоҷирати ВКД ФР Валентина Казакова.

"Агар мо хоҳем, ки шаҳрванди хориҷӣ дар кишварамон монад, пас бояд омӯзиш барояшон ройгон бошад", — гуфт ӯ дар рафти ҷаласаи кумитаи Шӯрои федератсия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтмони давлатӣ.

Путин ба шаш тоҷик шаҳрвандӣ дод

Хонум Казакова таъкид кард, ки давраҳо барои гурезаҳо бояд маҷҷонӣ бошад.

Пештар ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи стратегияи сиёсати давлатӣ, Валентина Казакова пешниҳод кард, ки ба он зарурати омӯзиши забони русӣ ба муҳоҷирон то омадани онҳо ба Русия, дарҷ гардад ва ҳамчунин ба истиқомати муҳоҷирон дар анклавҳояшон ва ба соддагардонии додани иҷозатномаҳо барои зист ва гирифтани шаҳрвандӣ аз ҷониби ҳамватанҳои хориҷии худ, "роҳ дода нашвад".

Дар байни мушкилоте, ки ба кори самаранок ва истиқомати осоиштаи муҳоҷирон дар Русия монеъа мешаванд, коршиносон ҳадди зиёди бюрократияро аз ҷониби мансабдорон қайд мекунанд. Ҳамчунин онҳо бесаводии ҳуқуқии худи хориҷиёнро, ки талош мекунанд асноди лозимаро роҳат харанд, агар онҳоро расман ва саривақт гирифта натавонанд, қайд менамоянд.

"Мо як тести оддии забони русӣ дорем, аммо онро тақрибан 17-18%-и мардум супорида наметавонанд. Масалан, муҳоҷир дар назди мо имтиҳон супурда наметавонад, вале худи ҳамон рӯз шаҳодатномаи қалбакиии "намунаи давлатӣ"-ро аз кадом як донишгоҳ меорад, баъзан ҳатто на аз ягон донишгоҳи маскавӣ, балки аз питерӣ меорад", — нақл карда буд қаблан директори маркази бисёрҷанбаи муҳоҷиратии "Сахарово" Николай Федосеев ба Sputnik Тоҷикистон.

Муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия коҳиш ёфтааст

Қобили аст, ки таи солҳои охир дар ҳавзаи қонунии Русия ҳамзамон чанд қонуне қабул шуданд, ки моҳияти онҳо ба раванди соддагардонии гирифтани шаҳрвандии русиягӣ барои хориҷиён, нигаронида шуда буд.

Ин на танҳо ба шаҳрвандони хориҷие, ки метавонанд ба иқтисодиёти давлат муфид бошанд, балки пеш аз ҳама, ба онҳое рабт дорад, ки забони русиро роҳат медонанду ба таърихи гузаштаи Русия алоқаманданд.

Қуллаи ташаббусҳои қонунии солҳои охир тарҳи қонунии Константин Затулин буд, ки аз ҷониби Думаи давлатӣ, таъйид гардида буд.

Ин лоиҳа як тамоюли муҳимеро дар солҳои охир инъикос мекунад — давлати Русия омода аст он касонеро ҳамчун "худӣ" эътироф кунад, ки забон ва фарҳанги русиро чун худӣ қабул кунанд, новобаста аз мансубияти қавмияшон.