Бо супориши Раҳмон: Марям ва се кӯдаки дигарро аз Ироқ ба ҶТ оварданд

Бомдоди 25 апрел Марям Шоева ва се кӯдаки дигари тоҷик, ки дар паноҳгоҳҳои Ироқ дар монда буданд, ба Тоҷикистон бозгардонида шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Чаҳор кӯдаки тоҷик, ки моҳҳо дар урдугоҳҳои Ироқ монда буданд, ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Барои иҷрои супориши Эмомалӣ Раҳмон оид ба баргардонидани кӯдакони тоҷик аз минтақаҳои ҷангзадаи Шарқи Наздик, Вазорату намояндагиҳои Тоҷикистон дар кишварҳои марбута (Қувайт, Остона, Теҳрон, Анқара, Маскав ва Аморот) бо ҳамдастии ВУХ ҳамоҳангиҳои лозимаро бо ВУХ Ироқ ва сохторҳои дахлдори ин кишвар анҷом доданд.

"Дар натиҷа, санаи 25 апрели соли 2018 чаҳор кӯдаки тоҷик аз Ҷумҳурии Ироқ ба Ватан бозгардонида шуданд", омадааст дар хабарнома.

Фақат шуморо ёд кардам: пайвандони Марям ёфт шуданд, ӯ бобояшро дид ва суҳбат кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон барои мусоидат дар ин кори хайр ба ниҳодҳои марбутаи  Ироқ, Кумитаи Байналмилали Салиби Сурх ва ЮНИСЕФ изҳори сипос мекунад.

Манбаъ меафзояд, ки иҷрои супориши раисҷумҳур дар ин росто, идома хоҳад ефт.

Марям фарзанди Ҷамолиддин Шоев ном бошандаи 37-солаи Ҳисор аст, ки соли 2004 ҳамроҳ бо ҳамсару чаҳор фарзандаш ба Миср рафта буд ва онҷо улуми диниро таҳсил мекард.

Ин хонавода дар соли 2015 ба Тоҷикистон бар гашт, вале чанде пас Ҷамолиддин гуфта, ки ба Миср бар мегардад.

Ҷамолиддин — падари Марям ва модараш Садбарг Шомирзоева соҳиби панҷ фарзанд будаанд, ки калонтарини онҳо Марям аст. Ҳамаи фарзандони вай дар Миср таваллуд шудааст.

"Ман дар бораи тақдири писар ва келиндам чизе гуфта наметавонам. Марям, ки Худо хоҳад ба Тоҷикистон омад, қазия рӯшан хоҳад шуд, вале ба гуфти ӯ эҳтимол ҳамаашон кушта шудаанд", — гуфт бобои Марям дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.