ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Тайи як ҳафтаи ахир фаъолони бахши хусусии дар Тоҷикистон аз камбуди доллар дар бонкҳои тиҷорӣ ва ё ташкилоти хурди қарзии ин кишвар, шикоят мекунанд.
Ба гузориши сойти "Парстудэй", бозаргонони тоҷик, ки барои ворид кардани коло ва маҳсулот аз хориҷи кишвар ба доллар ниёз доранд, гуфтаанд, пайдо кардани он дар бонкҳо ва марокизи молии расмӣ дар Тоҷикистон имконпазир нест.
Бо баста шудани саррофиҳо дар Тоҷикистон дар се соли гузашта, бонкҳои тиҷорӣ ва ё ташкилоти хурди қарзӣ дар ин кишвар, танҳо қодир ба фурӯши 100 то 200 доллар ҳастанд, ки ин мунҷар ба камбуди шадид доллар дар бозори муомилоти арзии ин кишвар шудааст.
Ин дар ҳоле аст, ки акнун дар бонкҳои Тоҷикистон ҳар долларро ҳашт сомониву 88 дирам ба фурӯш мерасонанд, ки қабл аз ин, ҳашт сомониву 84 то 86 дирам буд.
Ҳарчанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз афзоиши арзиши доллар дар баробар сомонӣ хабар медиҳанд ва мегӯянд, дар муомилоти ғайри расмӣ, акнун ҳар доллар 9 сомониву 15 дирам хариду фурӯш мешавад.
Бештари коршиносон бар ин боваранд, боло рафтани арзиши доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон, таҳти таъсири таҳримҳои ҷадиди Амрико ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия қарор дорад, ки мӯҷиби уфти арзиши рубли русӣ низ шудааст.
Ба далели ин навасонот, коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия низ маҷбӯр мешаванд аз хариди доллар худдорӣ ва даромади худро ба рубл ба Тоҷикистон ирсол кунанд.