"Узбекистон ҳаво йӯллари" мехоҳад Тоҷикистонро тарк кунад

Ширкати ҳавоии "Узбекистон ҳаво йӯллари" масъалаи қатъ кардани парвозҳои Тошканд-Душанбе-Тошкандро баррасӣ дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Ширкати миллии "Роҳҳои ҳавои Узбекистон" метавонад парвозҳоро ба Душанбе қатъ кунад, хабар медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба роҳбари намояндагии ширкат дар Тоҷикистон Орифҷон Рӯзимуродов.

"Ширкати ҳавоии "Роҳҳои ҳавои Узбекистон" масъалаи қатъи парвозҳоро ба хатсайри Тошканд-Душанбе-Тошканд баррасӣ дорад. Нобарории парвозҳо ширкатро маҷбур кардааст, ки аз хатсайрҳояш ба Душанбе даст кашад",- гуфтааст вай.

Рӯзимуродов афзуд, ҳанӯз моҳҳои апрел роҳбарияти ширкат ба масъулини Тоҷикистон муроҷиат карда буд, ки барои хизматрасониҳои фурудгоҳи Душанбе ба ширкат тахфиф кунад.

"То ҳол мо ба муроҷиати худ посухе нагирифтаем.. Афзун бар он аз моҳи октябри соли гузашта тарофаҳои хизматрасонии фурудгоҳи Душанбе то 20 дарсад гарон шудаанд",- гуфтааст Рӯзимуродов.

 Вай мегӯяд, ширкат тадриҷан нархи парвозҳои Тошканд-Душанберо  аз 148 доллар то 80 доллар паст кард, то ки нархи билет бо маоши мардум мувофиқ шавад.

"Мо интизор доштем, ки ҳаққи хизматрасонии фурудгоҳ ҳам поён мешавад, аммо ин тавр нашуд. Ширкат парвозҳоро ба зарари худаш анҷом дода истодааст",- шикоят мекунад намояндаи ширкат.

Пештар ширкати ҳавоии "Роҳҳои ҳавоии Узбекистон" пешниҳод кардааст, ки парвозҳои наверо ки Душанбеву Самарқанд ва Бухороро пайваст мекунад, ташкил карда шавад.
Бино бар иттилои расонаҳои Тоҷикистон, ин пешниҳоди Тошкандро кишвар мавриди баррасӣ қарор дод, ояндаи наздик қарори дахдореро қабул хоҳад кард.

Ширкати миллии Узбакистон "Роҳҳои ҳавоии Узбекистон" нархи парвҳоро ба Тоҷикистон боз арзонтар кард.

Аз моҳи ноябр, парвоз ба як тараф Душанбе-Тошканд 676,5 сомонӣ ва парвоз ба Душанбе-Тошканд-Душанбе 1353 сомонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки парвозҳои Душанбеву Тошканд пас аз 25 сол 11-уми апрели соли 2017 барқарор шуданд. Ширкати "Сомон-Эйр" низ ба ин самт хатсайр созмон додаст.