Устопириён ва Хоҷазода Ҷоми раисҷумҳури Узбакистонро ба даст оварданд

Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Акмал Муродов низ намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни 81 кило сазовори медали биринҷӣ ва 750 доллари америкоӣ гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Паҳлавонони маъруфи тоҷик Комроншоҳ Устопириён ва Беҳрӯз Хоҷазода дар VII сабқати  байналмилалии куштии кураши Ҷоми Амир Темур, ки 21-22 апрел дар Шаҳрисабз баргузор гардид, барандаи медалҳои тилло ва Ҷоми раисҷумҳури Узбакистон шуданд.

Дар ин бора Комроншоҳ Устопириён дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.

"Ҳафтумин сабқати байналмилалии кураши Амир Темур, барои Ҷоми раисҷумҳури Узбакистон, ки аз 20 то 22 апрел дар шаҳри Шаҳрисабзи Узбакистон баргузор шуд",- менависад вай.

Дар мусобиқаи мазкур Комроншоҳ Устопириён дар вазни 90 кило ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73 кило ҷойҳои аввалро ишғол намуда, медалҳои тилло ва Ҷоми раисҷумҳури Узбакистонро дар ҳаҷми 3 ҳазордолларӣ ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро Акмал Муродов низ намояндагӣ кард. Ӯ дар вазни 81 кило сазовори медали биринҷӣ ва 750 доллари америкоӣ гардид.

Ёдрас мешавем, ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Комроншоҳ Устопириён шоми 8 апрел дар рақобати ниҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар куштии ҷудо Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯзӣ ба даст овард.
Пас аз ин пирӯзии паҳлавони тоҷик, Тоҷикистон миёни 50 кишвари иштирокдор ба зинаи 8-ум баромад.

Комроншоҳ Устопириён бори дуюм аст, ки сазовори медали тилло мегардад. Ӯ дар "Анталия Гран-при 2017" низ соҳиби мақоми аввал шуда буд.
Комроншоҳ дар маросими ҷоизасупорӣ Суруди миллии Тоҷикистонро хонд.