Раҷаббой Аҳмадзода оромгоҳи Ислом Каримовро зиёрат кард

Намояндагони вилояти Суғд, бо раҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода оромгоҳи раисҷумҳури нахустини Узбакистон Ислом Каримовро зиёрат карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Раиси вилояи Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба маҷмааи Ҳазрати Хизри Самарқанд омада, оромгоҳи нахустин кишвардори Узбакистонро зиёрат кард, хабар медиҳад равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 21 апрел раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати намояндагони вилояти Суғд аз Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд боздид карданд.

Савдо гарм мешавад: дар Самарқанд ҳамоиши тоҷирони тоҷику узбак баргузор шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи мутафаккирони тоҷику узбак — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки дар ҳудуди боғ қомат афрохтааст, гулчанбар гузоштаанд.

Ҳамчунин аҳли зиёи вилоятҳои Суғду Самарқанд аз эҷодиёти ин шоирони номвар, ки рамзи дӯстии мардумони тоҷику узбак, шеърҳо қироат кардаанд.

"Намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ташриф оварда, оромгоҳи нахустин президенти Узбакистонро зиёрат намуданд", омадааст дар хабарнома.

Ёдоварӣ мекунем, ки аз 20 то 22 апрел дар вилояти Самарқанди Узбакистон Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд баргузор шуд.

Барои ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд гурӯҳи бузурги намояндагони вилояти Суғд ба вилояти Самарқанд сафар карданд.

Ногуфта намонад, ки дар Душанбе ҳам муҷассамаи Алишер Навоӣ ва Абдураҳмон Ҷомӣ-чун рамзи дӯстии халқи тоҷику узбак сохта мешавад.

Дар ин росто шаҳрдори Душанбе барои бунёди тандиси мутафаккирон озмун эълом кардааст.

Тандиси мутафаккирон Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ дар пойтахти Тоҷикистон, дар боғи ба номи "Низомиддин Алишер Навоӣ" гузошта хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, пештар бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боғи "50-солагии ҷавонон", воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба "Низомиддин Алишер Навоӣ" номгардон шуда буд.