Мақомоти Сахалин муҳоҷирони меҳнатиро дигар ба кор намегиранд

Дар вилояти Сахалин барои кори муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, маҳдудият ҷорӣ карда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Мақомоти вилояти Сахалин пешниҳоди ширкатҳои маҳаллӣ дар мавриди ба кор гирифтани 1,2 ҳазор муҳоҷирони меҳнатиро рад кардаанд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати минтақа.

"Комиссияи байниидоравии вилоятӣ, ки масоили ҷалби муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ мекунад, пешниҳодоти ширкатҳои маҳаллӣ дар мавриди ба кор таъмин намудани 1 ҳазору 239 нафар коркунони хориҷро рад кардааст", — омадааст да гузориш.

Ин шӯхӣ нест: дар Петербург муҳоҷиронро аз мусофиркаш "пеш" мекунанд

Тавре зикр мегардад, ҳукумати минтақа аз соли 2016 "самти коҳиш додани теъдоди хориҷиёнеро, ки дар иқтисоди ҷазира кор мекунанд, пеш гирифтааст".

Маҳдудияти кори муҳоҷирон дар истеҳсоли нон ва маҳсулоти қаннодӣ, кор дар автоистгоҳҳо, нақлиёти мусофиркаш ва таксӣ, инчунин дар як қатор бахшҳои тиҷорат ва сохтмон, ҷорӣ шудааст.

"Дар натиҷа, таи ин муддат шумораи аҳолии таҳҷоии вилояти Сахалин, ки ба корҳоии соҳаҳои мазкур ҷалб карда шудаанд, то ба 34% афзуда, ҳиссаи муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ, ки дар иқтисоди ҷазира шуғл меварзанд, хеле кам шуда, ҳоло тақрибан 10% —ро ташкил медиҳад", — таъкид мекунад хадамоти матбуотӣ.

Муовини раиси ҳукумати вилоят Алексей Белик гуфт, ки дар минтақаи Сахалин нахуст бояд шаҳрвандони Русия ба кор таъмин шаванд.

"Ин вазифаи принсипиалии мост. Бино бар ин, мо сиёсатамонро дар робита ба коҳиш додани саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ, дар иқтисодиёти минтақа  идома медиҳем", — шарҳ медиҳад оқои Белик.

Ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Русия дар семоҳаи якуми соли 2018-3% коҳиш ёфтааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 тақрибан 109 ҳазору 53 шаҳрванди Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои дигар рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазору 757 нафар, камтар мебошад.

Аз шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, саҳми Русия 105 ҳазору 193 нафарро ташкил медиҳад, саҳми Қазоқистон бошад, беш аз 2,5 ҳазор нафар мебошад.

Ҳамчунин маълумот дар бораи ҷараёни баргашт дар ин давра вуҷуд дорад: 84 ҳазору 955 шаҳрванд ба Тоҷикистон баргаштаанд.

Илова бар ин, 927 хориҷӣ дар Тоҷикистон таи се моҳи аввали соли ҷорӣ расман ба кор гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 97 нафар, камтар аст.

Муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Русия коҳиш ёфтааст

Ёдовар мешавем, ки думаи шаҳри Маскав тасмимеро дар робита ба таҳкими ҷазо барои мусоидат ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ, гирифтааст.

"Қабули чунин тағйироти муносиб имкони танзими қонунии муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва такмили қонунгузории ҳифзи ҳуқуқ дар ин соҳаро хоҳад дод. Аз ин рӯ, ҳамкорони гиромӣ, хоҳиш мекунам, ки тағйироти мазкурро бастаӣ қабул намоед", — эълом дошт раиси комиссион оид ба амният дар думаи шаҳри Маскав Инна Святенко.

Тасмим пас аз натиҷаҳои хониши охирин гирифта шудааст. Санади муносиб муқарраркунии масъулият барои миёнаравӣ дар гирифтани ғайриқонунии иҷозат барои ворид шудан ба ҳудуди Русияро, ироа мекунад.

Илова бар ин, тавсия дода мешавад, ки ҷазо барои кӯмаки ғайриқонунии воридшавии ашхоси бидуни шаҳрвандӣ ё шаҳрвандони хориҷӣ ба қаламрави Русия, инчунин сафар тавассути қаламрави ФР, сангинтар карда шавад.

Пештар иттилоъ дода шуда буд, ки Вазорати меҳнати Русия нақшаи зиёд кардани квотаҳо оид ба додани иҷозатнома ба шаҳрвандони хориҷӣ барои кор дар кишварро, дорад.

Ба нақша гирифта шудааст, ки иҷозатномаҳои зиёд дар Маскав (барои 373 нафар), Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград (мутаносибан 3007 ва 1615), Красноярск ва Приморе (427 ва 2751), Новосибирск (581) ва ОФШ (3163), дода мешавад.