Кӣ доротар: музди кори президентҳо чанд аст

Ҳамеша ҷолиб аст фаҳмидан, ки дигарон чи қадар музд мегиранд, вале на ҳама розӣ ҳастанд ин гуна маълумоти махфиро ифшо кунанд. Вале, ҳаққи заҳмати раисҷумҳурон ва нахуствазирон махфӣ нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар бораи ҳаққи заҳмати роҳбарони дигар кишварҳо Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба сомонаи  Paywizard, хабар медиҳад. 

Музди кори солонаи раисҷумҳури Русия Владимир Путин  151,32 доллар дар як сол, ки баробар 12,586 доллар дар як моҳ ё 414 доллар дар як рӯз мебошад. 

Бояд таъкид кард, ки маоши миёна дар Русия 140 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Сандуқи байналмилалии пул ба Бонки миллӣ кӯмак мекунад

Пештар Владимир Путин қонун дар бораи боло бурдани моҳонаи ҳадди ақалро то сатҳи ҳазинаи зиндагии ҳадди ақал имзо кард.

"Моҳонаи ҳадди аққал аз 1 май соли 2018 ба 11.163 рубл дар як моҳ муайян карда шавад"-гуфта шудааст дар санад.

Таъкид карда мешавад, ки қонун аз 1 майи соли 2018 дар амал татбиқ хоҳад шуд.

Моҳонаи раисҷумҳури Русия 151 ҳазор маротиба бештар аз ҳаққу заҳмати раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп будааст. Вақте, ки Доналд Трамп президенти Амрико шуд, моҳонаи худро як доллар кард, то пулро барои буҷа  сарфаҷӯӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, моҳонаи ҳаддаи ақал дар ИМА 1160 доллар дар як моҳро ташкил медиҳад. Аз рӯи қонун моҳона барои нигаҳдории раисҷумҳури Амрико дар як моҳ 400 ҳазор доллар пешбинӣ шудааст. 

Дар феҳрасти раисҷумҳуроне, ки моҳонаи аз ҳама паст доранд, ҷойи дувумро  раисҷумҳури Украина Петр Порошенко гирифтааст. 

Моҳонаи ӯ 12,220 доллар дар як сол, ё бештар аз ҳазор доллар дар як моҳ будааст. Вале ин ба ӯ халал намерасонад, ки ӯ ҷойи 6-ро дар феҳрасти сарватмандтарин шахсони Украина бо 1,3 миллиард доллар, бигирад. Моҳонаи ҳадди ақал дар Украина 131 долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол роҳбари Чин Си Ҷинпин бо дарназардошти он, ки моҳонаи ӯро соли 2015-1,5 баробар боло бурданд, 20,500 доллар дар сол будааст. Моҳонаи ҳадди ақали дар Чин вобаста ба вилоят аз 150 то 300 доллар дар як моҳ, будааст.   

Моҳонаи раисҷумҳури Финландия Саули Ниинисте 146, 700 доллар дар як сол ё 12, 225 доллар дар як моҳ аст. Дар ин кишваре, ки яке аз кишварҳои пешрафта ба ҳисоб меравад моҳонаи ҳадди ақал 2000 доллар будааст.

Бо 250 ҳазор еврои Кокорин ва Мамаев дар ҶТ ва ФР чи харидан мумкин

Нахуствазири Бритониёи Кабир Тереза Мэй аз Владимир Путин сарватмандтра аст. Моҳонаи ӯ 198,500 доллар дар як сол будааст. Вале моҳонаи ҳадди аққал дар Британиё 1,569 долларро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки моҳонаи Тереза Мэй чанд ҳазор доллар бештар аз музди раисҷумуҳури Фаронса Эммануэл Макрон будааст.

Моҳонаи аз ҳамма ҳама зиёдро раисҷумҳуи Сингапур Ли Сянлун мегирифтааст. Моҳонаи ӯ 2,2 милион доллар дар як сол будааст. Аммо қаблан моҳонаи ӯ бештар будааст, вале бо сабаби норозигии мардум ҳаққи заҳмати ӯро 36% кам карданд. Моҳонаи ҳадди аққал дар Сингапур наздик ба ҳазор доллар аст.

Ҷойи дувумро дар феҳраст раисҷумуҳри Швейтсария Дорис Лойтхард гирифтаасат. Моҳонаи ӯ 437 ҳазор доллар будааст. Ҷойи севумро нахуствазири Австралия Майкл Тернбулл ишғол кардааст. Ҳаққи заҳмати ӯ дар як сол 403,700 долларо ташкил медиҳад.