Тоҷикони маҳкумшударо аз АМА ба Тоҷикистон истирдод мекунанд

Созишномаи байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи истирдоди маҳкумшудагон аз 18 майи соли 2018 эътибор пайдо хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Дар Вазорати умури хориҷаи АМА маросими имзо кардани Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои созишнома байни Тоҷикистон ва АМА дар бораи супоридани маҳкумшудагон аз 17 марти соли 2016 баргузор гардид, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки Протоколи мазкурро сафири Тоҷикистон дар АМА Баҳодур Шарифӣ ва муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқи байналмилалӣ Аҳмад Абдураҳмон Алҷерман имзо кардаанд.

Аморат хостори зудтар фиристодани қувваи корӣ аз Тоҷикистон шуд

Манбаъ афзуда, ки мутобиқи моддаи 20 Созишномаи мазкур, он 18 майи соли 2018 эътибор пайдо хоҳад кард.

Пештар хабар дода шуд, ки Амороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон дар самти қувваи корӣ ёддошти тафоҳум имзо карданд.

Тибқи муқаррароти ёддошти тафоҳум шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар асоси шартномаи меҳнатии инфиродӣ байни коргар ва корфармо, ки аз тарафи Вазорати захираҳои инсонӣ ва аморотикунонии АМА тасдиқ шудааст, кору фаъолият намоянд.