Барномаи Бонки Эсхата дар Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд

Дастаи ҶСК "Бонки Эсхата" бо муаррифии беҳтарин барнома ғолиби сабқати бонкӣ шуда, соҳиби "Ҷоми бонкҳо" гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Барномаи Бонки Эсхата дар Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд, хабар медиҳад равобити умумии Бонки миллии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар доираи барномаи ҳамкории БМТ бо Фонди олмонии хазинаҳои амонатӣ оид баҳамкории байналмилалӣ аз 16- 20 апрели соли равон  дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки панҷ даста аз бонкҳои тиҷоратии кишвар — ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСК «Ориёнбонк», ҶСП «Спитаменбонк» ва ҶСК «Соҳибкорбонк» мусобиқаи соҳавии «Ҷоми бонкҳо» баргузор гардид.

Бонки “Эсхата”: далели гум шудани маблағ дар фурудгоҳи Домодедово асос надорад

Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур, баланд бардоштани маҳорати идоракунии (менеҷмент) кормандони роҳбарикунандаи зинаҳои болоӣ ва миёнаи бонкҳо маҳсуб меёбад.

Мусобиқа дар шакли бозӣ гузаронида шуда, дар рафти сабқат аз ҷониби дастаҳо масъалаҳои гуногун оид ба фаъолияти бонкӣ, аз қабили банақшагирии пардохтпазирӣ, тарифҳо оид ба амалиётҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо, идораи хавфҳо, стратегияи бонкӣ, банақшагирӣ ва бозомӯзии кормандон, таҳлили нишондиҳандаҳои бонкӣ ва маркетинг мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифтанд.

Дар доираи мусобиқа дастаҳо барои ноил гардидан ба идораи дуруст ва самаранокии фаъолияти корӣ бо барномаҳои шартии тавозуни ҷудогонаи солона ва нишондиҳандаҳои ба он вобаста дар панҷ марҳила фаъолияти ташкилоти шартии худро муаррифӣ намуданд.

Дар рафти мусобиқаи панҷрӯза дастаи ҶСК «Бонки Эсхата» бо муаррифии беҳтарин барнома ғолиби ин сабқат дониста шуда, соҳиби «Ҷоми бонкҳо» гардид.