Пойга, бодбарак ва консерт: Рӯзи пойтахтро душанбегиҳо бо раиси шаҳр таҷлил карданд

Sputnik

Рӯзи шанбе, 21 апрел сокинони Душанбе бо тантана Рӯзи пойтахтро таҷлил карданд. Маросимҳои идона дар шарҳ аз субҳи барвақт сар шуданд ва то шом идома ёфтанд.

Дар рӯзи ҷашн ба чорабиниҳои варзишӣ аҳамияти  муҳим дода шуд. Дар тамоми боғҳои Душанбе Рӯзи пойтахт бо машқи пагоҳӣ оғоз ёфт ва бо давидан ба масофаи то 21 км ба анҷом расид.

Сипас дар Кохи "Наврӯзгоҳ" авdалин ҷашнвораи бодбарак баргузор шуд: ҳар нафаре мехост бодбаракҳои худро  ба осмон ҳаво медод. Ҳамчунин дар кох мусобиқа ва чорабиниҳои шавқовар гузаронида шудfyl. Дар "Наврӯзгоҳ" пойгаи аспдавонӣ доир шуд, ки дар он беҳтарин варзишкорон ширкат карданд.

Шоми 21 апрел дар консерти идона мардум ҷашнро идома доданд.

Дар бораи ҷашн аз гузориши аксии  Sputnik Тоҷикистон маълумоти бештар пайдо карда метавонед.

1 / 11
Аввалин ҷашнвораи бодбарак дар Душанбе
2 / 11
Дар рӯзи ҷашн ҳаво хело мусоид ва боғҳои Душанбе пур аз мардум буд
3 / 11
Даромад ба Кохи "Наврӯзгоҳ" ройгон буд. Дар ҷашнвораи бодбарак шумораи зиёди сокинон иштирок карданд
4 / 11
Бузургсолон ҳам дар ҷашнвораи шавқовар иштирок доштанд
5 / 11
Пас аз бодбарак, дар "Наврӯзгоҳ" пойгаи аспдавонӣ баргузор шуд
6 / 11
Барои ширкат дар сабқат беҳтарин варзишкорон даъват шуда буданд
7 / 11
Мусобиқа шадид буд...
8 / 11
Ғолибон муайян шуда, ба пирӯзон тӯҳфаҳои хотиравӣ дода шуд
9 / 11
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз ҷашн аксу навор мунташир карданд
10 / 11
Котсерти идона ботантана баргузор шуд
11 / 11
Толор пур аз тамошобин буд