Таҳсил дар Остона: донишҷӯёни тоҷик дар Қазоқистон таҳсил хоҳанд кард

Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Қазоқистон дар хусуси таҳсили шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар давлатҳои ҳамдигар созишнома имзо кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар доираи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон бо Қазоқистон, рӯзи 18 апрел дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дувумин Намоишгоҳи байналмилалии "Рӯзҳои маорифи Қазоқистон: Душанбе-2018" баргузор шудааст, хабар медиҳад Вазорати маорифи тоҷикистон.

Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов, муовини президенти Маркази барномаҳои байналмилалии Қазоқистон Аскаров дар бораи ҳадафҳои намоишгоҳ, ки ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Қазоқистон аст гуфтаанд.

Дониш биҷӯй: дар Душанбе намоишгоҳи таҳсилотии Русия ифтитоҳ шуд

Ҳамчунин дар ин рӯз, дар ин донишгоҳ дар мавзӯи "Ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ:Тоҷикистон-Қазоқистон" бо ширкати кормандони Вазорати маорифи Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Қазоқистон мизи гирд баргузор шудааст.

Қайд шудааст, ки агар дар намоишгоҳи аввалин намояндаи 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии Қазоқистон ширкат варзида бошанд, дар чорабинии имсола аз 25 донишгоҳ намоянда омада, нисбат ба солҳои пешин сафи бештари хоҳишмандон аз ҳисоби дохилшавандагону ҷавонон ва донишҷӯён ва волидони онҳо на танҳо аз пойтахти мамлакат, балки аз шаҳру ноҳияҳои дигар низ ҳозир шуданд.

Дар ин нишаст байни Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон ва  Қазоқистон шартномаи ҳамкорӣ дар хусуси таҳсили шаҳрвандони ҳар ду кишвар дар мамлакатҳои ҳамдигар имзо шудааст.