Навори набарди марговари фил бо се шер

Боздидкунандагони боғи миллии Little Makololo дар кишвари Зимбабве шоҳиди муборизаи фил бо се шер шуданд
Sputnik

Фил дид, ки шере ба тарафи ӯ меояд ва бо хартумаш баланд "садо дод", аммо ин даррандаро натарсонд — вай ба болои қурбонӣ парида, ӯро ба замин афтонд. Филча, ки як пои пешаш шикаста буду кор намекард, дигар рост истода натавониста, ба замин афтод.

Дар натиҷа даррандагон аз ин набард ғолиб баромаданд.

Аз ҳайвонот дар кишвари Зимбабве фил, оҳӯ, гурхар, заррофа, шер, гуркоб, гови обӣ, гурги хокӣ, каркаданҳо ва дар доманакӯҳҳои Шарқӣ ва обанборҳои табиияш бошад, палангҳои холдору тимсоҳҳо зиндагӣ мекунанд.

Дунёи паррандагон ва хазандагонаш гуногун аст. Дар минтақаҳои шимоли кишвар пашшаи қеқе (тсе-тсе) ба сар мебарад.