Духтари тоҷик дар Маскав барандаи озмуни "Мусиқии шарқӣ" шуд

Даври ниҳоии озмун рӯзи 14 апрел дар Хонаи фарҳангии "Стимул" баргузор шуду, духтари тоҷик Фурӯғ Ниёзова дар он пирӯз гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Овозхони ҷавони тоҷик Фурӯғ Ниёзова барандаи озмуни "Мусиқии шарқӣ", шудааст.

Ин озмун дар пойтахти Русия шаҳри Маскав баргузор гардидааст.

"Маркази фарҳанги тоҷикон аз самими қалб овозхони ҷавонро бо пирӯзиаш табрик гуфта, ба ӯ дар таҳсил ва дар саҳна комёбиҳо орзу мекунад", — навиштааст раҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон Хуршеда Ҳамроқулова дар саҳифаи Facebook.

Даври ниҳоии озмуни "Мусиқии шарқӣ" рӯзи 14 апрел дар Хонаи фарҳангии "Стимул" баргузор шудааст.

Шаҳло дар озмуни "Мусиқии шарқӣ" дар Маскав санъати тоҷикро муаррифӣ кард

Озмуни "Мусиқии шарқӣ" аз соли 2016 инҷониб баргузор мешавад. Ҳар сол шарти озмун иваз мешавад, соле озмуни рақс ва соле озмуни суруд гузаронида мешавад.

Дар ин чорабинӣ маъмулан намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Доғистон, Ҷопон, Чин, Ҳиндустон ва дигар кишварҳои Шарқ ширкат мекунанд.

Ҳунари овозхонону раққосонро устодони Консерваторияи ба номи Чайковский, МГУ ва дигар донишгоҳҳои бонуфузи Русия, арзёбӣ мекунанд.

Ҳадафи аслии ин озмун рушди муносиботи дӯстона ва таҳкими ҳамкориҳоии фарҳангӣ миёни халқи Русия ва кишварҳои Шарқ мебошад.