Расулзода ва Медведев муносиботи Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои ширкат дар Ҷаласаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар Русия қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Сарвазири Русия Дмитрий Медведев бо ҳамтои тоҷикаш Қоҳир Расулзода дидор ва мулоқот кардааст, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ҳукумати Русия.

"Дар ин дидор масоили аслии ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, аз ҷумла ҳамкориҳои иқтисодӣ, роҳандозии тарҳҳои муштараки энержӣ, санъат, нақлиёт ва дигарҳо, муҳокима шудааст", — омадааст дар хабарнома.

Қайд шудааст, ки нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои ширкат дар ҷаласаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки рӯзи 20 апрел баргузор мешавад, ба Русия омадааст.