Сергей Лавров: Путин ва Трамп намегузоранд ҷанг сар занад

Ин рӯзҳо эҳтимоли сар задани даргирии низомӣ миёни Русия ва Амрико дар сархати гузоришҳои расонаҳо ва таҳлилҳои коршиносон қарор гирифтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Сарони кишварҳои Русияву Амрико  Владимир Путин ва Доналд Трамп ҳамчунин низомиёни ҳар ду кишвар ҳаргиз иҷоза намедиҳанд, миёни ду кишвар ҷанг сар занад, эълом дошт дар мусоҳиба ба РИА Новости вазири умури хориҷаи Русия  Сергей Лавров.

"Дар бораи эҳтимоли сар задани рӯёрӯйии низомӣ миёни ду кишвар, ман сад дарсад бовар дорам, ки на низомиёни ду кишвар ва на раисҷумҳур Путин ва бегумон, раисҷумҳур Трамп низ намегузоранд ҷанг сар занад. Зеро онҳо раҳбароне ҳастанд, ки мардумони ду кишвар онҳоро интихоб кардаанд ва онҳо масъули сулҳ ва амонӣ дар кишварҳои худ ҳастанд",- гуфт Лавров.

Вай ҳамчунин афзуд, оташи русияситезӣ дар Амрико  рӯ ба фурукаш шудан оварда, ҳарчанд онро бо таҳримҳои бесобиқа ва маснӯӣ бод медиҳанд.

Вазир гуфт, ки низомиёни амрикоӣ аз даргирии низомии ду кишвар пешгирӣ хоҳанд кард, ҳарчанд сиёсатмадорон раҳбари он кишварро водор мекунанд, ки бештар бо Русия даргир шавад.

Башшор Асад зарбаҳои мушакии ИМА ба Сурияро таҷовуз номид

"Чунин кори онҳо дуруст нест. Онҳо мехоҳанд ба аҳдофи сиёсии худ даст ёбанд, зеро дар Амрико рақобат миёни ду ҳизб бисёр шадид аст ва ин рақобат дар конгресси Амрико комилан ошкор аст ва онҳо аз омили Русия сӯиистифода мебаранд, зеро медонанд, ки ин омил метавонад онҳоро муттаҳид кунад",- афзуд вай.

Вале ин як маъракаи зиддирусиягӣ буда, тибқи таҳлилҳои вазири умури хориҷаи Русия, "аз ду сар фалаҷ шуда истодааст". "Онро ба таври сунъӣ ва бо таҳримҳои бесобиқона куллан нигоҳ дошта, умед доранд, ки бо чунин аъмол моро метавонанд аз ҷоямон ҷунбонанду маҷбур созанд, ки шартҳои онҳоро дар робита ба рушди минбаъдаи муносибатҳо қабул намоем, ки ин ба ҳадди ақал, кӯтоҳбинона ва соддалаҳона аст", — афзуд вазир.

Муҳокимаи хатари зиддияти низомӣ байни Русия ва ИМА дар муҳитҳои коршиносӣ ва расонаҳо фаъол шудааст, аз ҷумла, дар пасманзари рӯйдодҳои Сурия.

Ғарб Димишқро дар ҳамлаи кимиёвӣ ба шаҳри Думо айбдор кард. Маскав иттилоотро дар бораи партофтани бомби хлордор рад кард, ки гӯё аз ҷониби артиши Сурия ба амал омада бошад. ВУХ Русия эълом дошт, ки аҳдофи тазриқҳои иттилоотӣ дар мавриди истифода аз маводи заҳролудкунанда аз ҷониби нирӯҳои Сурия, дар рӯйпӯш кардани терористон ва асоснок намудани зарбаҳои қудратии эҳтимолӣ аз берун аст.

ИМА, Бритониё ва Фаронса субҳи рӯзи 14-уми апрел ҳамлаҳои мушакӣ ба иншооти ҳукуматии Сурия оварданд, ки ба фикри онҳо, барои истеҳсоли силоҳи кимиёвӣ истифода мешавад. Мақомоти Сурия такрор ба такрор эълон дошт, ки аслиҳаи кимиёӣ аз кишвар таҳти назорати СМСК бароварда шуда буд.