ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Роҳбари калисои Тошканду Узбакистон, роҳбари масеҳиёни Осиёи марказӣ ба Душанбе омад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти масеҳиёни Осиёи Марказӣ.
Дар Тоҷикистон пайравони дини масеҳӣ дар калисои асосии пойтахт "Свято-Николский собор" дуо карданд. Ин маросимро митрополити Викентий ва епископи Питирим анҷом доданд.
Зимни суханрониаш митрополит Викентий масеҳиёни Тоҷикистонро ба Иди Пасха тарик гуфт.
Илова бар ин, епископи Питирим аз митрополити Викентия барои ташрифаш ба Душанбе дар рӯзи Иди Пасха, изҳори минатдорӣ кард.
Масеҳиёни Осиёи Марказӣ як қисми каноникии Масеҳиёни Рус дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ба ин калисо масеҳиёни Ташканд, Бишкек, Душанбе ва Туркаманистон дохил мешаванд.
Ҷамиъят 27 июли соли 211 пас аз тақсимшавии епархияи Тошканд ташкил карда шуд. Роҳбари калисои масеҳиёни Тошканду Узбакистон унвони роҳбари масеҳиёни Осиёи марказиро дорад. Митрополит Викентий аз рӯзи ташкили калисои масеҳиёни Тошканду Узбакистон роҳбари он аст.