Се фура гӯшти мурғи тоҷирони тоҷик дар роҳ аз Минск ба Душанбе гум шуд

Колоро бояд дар шаҳри Термези Узбакистон фароварда, бо мошини дигар то Душанбе мефиристоданд. Аммо гӯшти мурғ дар шаҳри Подолски вилояти Маскав гум шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Се фура колои тоҷирони тоҷикистонӣ дар роҳи Минск ба Душанбе гум шудаааст. Ба гуфтаи Зоир Химатов- намояндаи ширкати афғонии "Саидҷамол" дар ҷумҳурии Белорус, коло дар ҳудуди шаҳри Подолски вилояти Маскав нопадид гаштааст.

Ширкат дар даст доштан ба ин қазия диспечереро, ки интиқоли борро аз Белорус то Узбакистон ба ӯҳда дошт, муттаҳам медонад.

"Гурӯҳи  қаллобон ба мо  худро диспечер муаррифӣ карда, пешакӣ нақшаҳояшонро тарҳрезӣ кардаанд, ки амволро аз худ мекунанд. Аммо мо аз қаллобии онҳо бехабар, колоҳои худро ба  онҳо бовар кардаем",- мегӯяд вай.

Тоҷикистон мекӯшад тавлиди гӯшти мурғро то 6 - 7 ҳазор тонна афзоиш диҳад

Се фура гӯшти мурғ ва як фура таҷҳизоти трактор бояд аз ҳудуди Белорус ба Русия ворид шуда, то Узбакистон мерсид. Ба гуфтаи Химатов, ҳуҷҷатҳои коло пурра дуруст тартиб дода шуда буд ва он зери назорати гумрук қарор дошт.

"Ронандаҳо пешакӣ хабардор шуда буданд, ки ҷойи  таъинот (шаҳри Термези Узбакистон аст. Аммо чӣ гуна онҳо пломбаҳоро шикаста борро фаровардаанд, ба мо маълум нест",- мегӯяд вай.

Фураҳои пур аз коло рӯзи 6 апрел ба роҳ мебарояд, рӯзи 8 ба ширкат хабар мерасад, ки он дар ҳудуди вилояти Маскав гум шудааст.

Зоир Химатов афзуд, пас аз ин рухдод, шахси номаълуме ба онҳо занг зада, талаб кардааст, ки дар ивази пули муайян колоҳои онҳоро бар мегардонад.

"Дар аввал   яке аз муттаҳамон бо мо иртибот мегирифт ва  ва ба ивази колоҳоямон пул талаб мекард. Аммо ҳоло вай ҳам гум шудааст ва намедонем, ки тақдири колоҳоямон чӣ шудаст",- қайд кард вай.

Ширкати "Саидҷалол" аз ин қазия полиси Русия ва Белорус ро хабардор кардааст. Ба гуфтаи намояндаи ширкат, тафтишот идома дорад.