Мақомоти Тоҷикистон барои табобати шоир Бозор Собир маблағ ҷудо кард

Ҳукумати Тоҷикистон маблағи заруриро ба хонум Гулчеҳра, ҳамсари Бозор Собир, супорид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати шоир Бозор Собир, ки дар бемористони шаҳри Сиэтли ИМА бистарӣ аст, маблағ ҷудо кард, иттилоъ медиҳад оҷонсии ТоҷикТА.  

"Ҳукумати Тоҷикистон барои табобати Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир, ки ҳоло дар бахши эҳёгарии бемористони шаҳри Сиэтли Амрико аст, маблағ ҷудо кард. Ин васоили нақдӣ, ки барои табобат нигаронида шудааст, аллакай ба ҳамсари шоир хонум Гулчеҳра супурда шуд", — қайд карданд дар  Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон.

Намояндагони Сафорат то ҳол дар сари болини Бозор Собир ҳастанд

Таъкид гардид, ки дар айни ҳол вазъи саломатии шоир ноустувор аст, вале беҳбудии муваққатӣ мушоҳида мешавад. Дар бемористон шоирро намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Вашингтон ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳдамимов ҳамроҳӣ мекунад.

Хотиррасон мекунем, ки қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон табобати Бозор Собирро зери назорати шахсии худ гирифта буд.

Бозор Собир на танҳо шоири дӯстоштаи ҳамагон аст, балки барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рудакӣ низ мебошад. Имсол ӯ 80-сола мешавад.

Маҷмӯаи аввалини шеърҳои вай "Пайванд" соли 1972 аз чоп баромада буд.

Ба ақидаи Бозор Собир, вазифаи ҳар як шоир — ватандӯстӣ, миллатпарастӣ, эҳтироми мероси мардумӣ, санъат, омӯзиш ва ҳифзи дастовардҳои халқ мебошад.