ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ёқубҷон Назиров, паҳлавони тоҷик, дар Ҷоми Урупо оид ба ҷудо миёни ҷавонони то 21-сола, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, барандаи медали тилло гардид.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 килограмм панҷ пирӯзӣ ба даст овардааст. Сабқат рӯзҳои 14-15-уми апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд,ааст.
Ба гузориши манбаъ, Ёқубҷон дар вазни 90 кг дар даври муқаддамотӣ ҳарифонаш Деймон де Вос (Ҳолланд) ва Имеда Гоголадзе (Гурҷистон)-ро мағлуб карда, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин давр, паҳлавони ҷопонӣ Санширо Мурао ва дар финал варзишгари дигари ҳолландӣ Том Бонешанскарро шикаст дод.
Дар мусобиқа 259 варзишгар аз 16 давлати ҷаҳон ширкат кардаанд.
Тоҷикистонро ғайр аз Ёқубҷон 7 варзишгари дигар намояндагӣ кардаанд: Мулораҷаб Халифаев, Суруш Тавакалов (-66 кг), Сомон Маҳмадбеков, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Хушвақт Идиев, Файзалӣ Маҳмадов (-81 кг), Темур Маҳмадов (-90 кг). Аз миёни онҳо натиҷаи беҳтарро Мулораҷаб Халифаев нишод дод. Ӯ дар вазни —66 кг ҷои 7-умро ишғол кардааст.
Дар ҳисоби даставӣ Руссия бо 8 медали тилло, 4 нуқра ва 16 биринҷӣ сазовори ҷои аввал гардид. Ҷопон бо 5 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои дуюм, Озарбойҷон бо 1 медали тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол карданд. Тоҷикистон бо 1 медали тилло ва 1 ҷои ҳафтум дар мақоми панҷум ҷой гирифтааст.