ДУШАНБЕ, 16 апр— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон Халил Иброҳим Акчаро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бинобар анҷоми давраи фаъолияташ ба ҳайси Дабири кулл, барои саҳми комгорона ва пурмаҳсулаш дар пешрафти кори Созмон, изҳори сипос кардааст, хабар медиҳад хадамоти матуботии раисҷумҳур.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо саҳми арзандаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва кишварҳои аъзоро дар таъмиқ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаи рушди иқтисодӣ ва рифоҳи иҷтимоӣ дар минтақа баланд арзёбӣ кардаанд.
"Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва комуникатсия аҳамияти махсус зоҳир менамояд".
Дар ин мулоқот ҳамчунин масъалаҳои баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба хотири қонеъ намудани талаботи афзоишёбанда ба энергияи электрикӣ дар минтақа баррасӣ шудааст.
Истифодаи зарфиятҳои бузурги рушди туризм дар "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" дар Тоҷикистон бар нафъи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Раҳмон: Тоҷикистон ҳамаи кишварҳои ҳамсояро сероб мекунад
Эмомалӣ Раҳмон ва Халил Иброҳим Акча ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, равобит ва саъю талоши муштарак баҳри рушди тиҷорати минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот ва амният дар кишвари ҳамсояи мо, ҷалби бештари Афғонистон ба лоиҳаҳои минтақавӣ ва фароҳам сохтани шароитҳои мусоиди рушди иқтисодиро муҳокима кардаанд.