Зудтар месозем: дар сохтмони Роғун теъдоди коргарон афзоиш ёфт

Дар ниҳодҳои тахассусии Тоҷикистон қайд намуданд, ки барои дар вақти муқарраршуда ба анҷом расонидани сохтмони НОБ-и Роғун, теъдоди муҳандисони он зиёд карда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Шумораи муҳандисон ва коргароне, ки дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун машғуланд, барои суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар иншоот, афзоиш ёфтааст.

Ҳамин тариқ, дар ҳоли ҳозир шумораи коргарони НОБ-и Роғун беш аз 18,6 ҳазор буда, дар муқоиса бо ибтидои соли гузашта 2,6 ҳазор бештар аст.

Кор дар ҷойҳои гуногуни иншоот бо суръати тез меравад, аз ҷумла дар нақби обрезиш, толори мошин ва дар корҳои бардоштани садди нерӯгоҳ.

Дар ниҳодҳои тахассусии Тоҷикистон қайд намуданд, ки ба нақша гирифтаанд то вақти муқарраршуда сохтмони НОБ-и Роғун ба анҷом раонида шавад, яъне то охири соли равон.

Дар сохтмони "Роғун" чор тан ҷони худро аз даст додаанд

Тоҷикистон соли гузашта ба маблағи беш аз 500 миллион доллар авроқи баҳодор, барои ҷалб намудани сармоя ва анҷоми сохтмони нерӯгоҳи обии Роғун, нашр кард.  Ҳукумати ҷумҳурӣ ваъда дода буд, ки ин маблағро пас аз 10 сол, яъне то соли 2028-ум бармегардонад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки Ҳукумати Узбакистон метавонад дар сохтмони НОБ-и Роғун ширкат кунад. Чунин тасмим дар натиҷаи сафари расмии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, дар моҳи марти соли равон, гирифта шуд.

Қаблан Тошканд мухолифи сохтмони нерӯгоҳи Роғун буд, ки ба андешаи ниҳодҳои Узбакистон, таҳдиде ба тамоми соҳаи кишоварзии минтақа мебошад.