Бомбае, ки Лавров тарконд, ё чаро Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ барои худ чоҳ меканад

Ҳамкорони ғарбии Русия дӯст доранд кишварҳои соҳибистиқлолро мушакборону бомбаборон кунанд, вале Маскав тарҷеҳ медиҳад, ки "бомбаҳоро" дар дигар заминаҳо "битарконад"
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ҳамон рӯзе, ки Амрико, Бритониё ва Фаронса Сурияро муттаҳам ба истифода аз силоҳи кимиёӣ ва дар паи он мушакборон карда буданд, вазири умури хориҷии Русия иттилоъоте дар бораи дигар "парвандаи кимиёӣ"-ро мунташир карда буд.

Сергей Лавров дар суханронии худ дар нишасти Шурои сиёсати хориҷӣ ва дифоъии Русия эълом кард, ки Маскав аз Бунгоҳи таҳлили партавӣ ва кимиёии Суис дар шаҳри Шпиз иттилоъоти маҳрамонаеро дарёфт кардааст. Коршиносони ин бунгоҳ намунаҳои маводеро таҳлилу пажӯҳиш кардаанд, ки Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ дар маҳалли заҳролуд шудани хонаводаи Скрипал дар Солсберӣ пайдо ва ба ин бунгоҳ таҳвил дода буданд.

Лаврон бахше аз ин матолибро боз хонд, ки дар он гуфта мешавад:

"Дар натиҷаи воковии намунаҳо дар онҳо бозмондаҳои заҳри BZ ва пешмодаҳояш ёфт шудаанд. Ин заҳр ва пешмодаҳояш бар пояи Конвенсиюни манъи силоҳҳои кимиёӣ аз ҷангафзорҳои кимиёии радаи дувум ҳастанд. BZ заҳри кимиёии асабӣ аст, ки одамро барои чанд муддате аз пой дар меоварад. Ин заҳр пас аз нимсоат то як соат пас аз корбурд таъсир мекунад ва асараш то чаҳор шабонарӯз давом мекунад. Ин заҳрро нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, Бритониё ва дигар кишварҳои НАТО ба кор мебаранд. Иттиҳоди Шуравӣ ва Русия чунин заҳреро тавлид намекарда ва намекунанд".

Чораҳои ҷавобӣ: Русия дипломатҳои амрикоиро аз Петербург ихроҷ мекунад

Бар асоси ин таҳлил Маскав ин пурсиши мантиқиро матраҳ кард, ки чаро арзёбии бунгоҳи суисӣ дар гузориши Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ дар бораи қазияи Солсберӣ дар назар гирифта нашуданд, менависад хабаргузории РИА Новости.

Ҳамзамон бояд гуфт, ки намояндагони бунгоҳи суисӣ аз тавзеҳи суханҳои Лавров худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки танҳо Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ ҳаққ дорад чунин тавзеҳоте бидиҳад, аммо таъкид карданд, ки меъёрҳои санҷишу таҳлили ин бунгоҳ (ва бунгоҳи бритонии Портон-Даун низ) бисёр сахтгирона ҳастанд, аз ин рӯ арзёбии онҳо комилан пазируфтанӣ аст.

Амалан дасисаи аслии ин қазия ин нест, ки пажӯҳишгарон ба натиҷаҳое даст ёфтаанд, ки барои мақомот хушоянд нестанд ва аз ин рӯ суханбозиву сафсатагӯӣ мекунанд ва дар санадҳои расмӣ истидлолҳои ғалату ғайримантиқӣ дарҷ мекунанд. Дасиса ин аст, ки кадом мақомот ва масъулин даст ба ин корҳо мезананд.

Камтар аз ду ҳафта пеш дар заминаи қазияи хонаводаи Скрипал ҷанҷоле сар зад, ки далелаш ошкор шудани дурӯғгӯии Вазорати умури хориҷии Бритониё ва шахси вазир Борис Ҷонсон дар бораи натиҷаҳои таҳлили илмии ин қазия буд, ки Русияро муттаҳам ба даст доштан дар заҳролуд шудани Скрипал ва духтараш карда буданд.

Аммо дар он маврид бисёре аз пайгирандагон на аз ин шигифтзада шуда буданд, ки чаро давлати Бритониё дурӯғ мегӯяд, балки аз дурӯғҳои бепояву парвандасозиҳояш дар ҳайрат буданд. Чунин рафторе барои кишваре, ки садсолаҳо намунаи маккориву ҳилагарӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ буда, бисёр тавҳиномез аст.

Аммо қазия бо Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ ва арзёбиаш аз парвандаи Скрипал дигаргуна аст.

Ҷаҳон аз даврони ҷанги сард ва рӯёрӯии ду абарқудрати ҷаҳонӣ сомонае аз созмонҳои байналмилалиро ирс бурда, ки моҳиятан ва табиатан чунон созмондеҳӣ шуда буданд, ки тарозу суботро дар умури ҷаҳонӣ нигаҳ доранд. ин созмонҳо бар асли истиқлол ва айнигароӣ асос ёфта буданд, зеро танҳо дар ин сурат мешуд арзёбиҳову тасмимҳояшон барои ду қутбе пазируфтанӣ бошанд, ки ба якдигар эътимод надоштанд.

Ин низом, чунон ки акнун мушоҳида мешавад, захираи бузурги пойдориву устуворӣ дошт. Он пас аз анҷоми ҷанги сард ва ҷаҳонсолор шудани Амрико камобеш сӣ сол поист. Вале саранҷом рӯзгораш ба фарҷом расид.

Лавров: Тарҳи бузурги уросиёии Русия Осиёи Марказиро муттаҳид мекунад

Ин систем дар пеши чашмони мо аз миён меравад. Шавоҳиди фурӯпошии ин сомона аз ҳар гӯшаву канору заминае ба чашм мерасанд. Ҳамин як сол пеш ин бовар бисёр густариш дошт, ки ҷанҷол бар сари зӯрафзоӣ кардани варзишкорони Русия барои варзишкорони олимпии ин кишвар чандон пайомаде нахоҳад дошт, зеро Кумитаи байналмилалии олимпӣ шохеро, ки бар он нишаста, нахоҳад бурид ва ҷунбиши олимпиро пароканда нахоҳад кард. Аммо ҷаҳониён ҳама шоҳид буданд, ки ин ниҳод ҳатто варзишкоронеро, ки зӯрафзоӣ накарда буданд, аз ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Куреи Ҷанубӣ барканор кард.

Имрӯзҳо камтар касе намегӯяд, ки Созмони милали муттаҳид асару таъсиру моҳияташро гум карда ва сарнавишти Ҷомеъаи милалро такрор хоҳад кард. Боре, ҳатто ҳамин пешомад далел нашуд то дабири кулли СММ Антониу Гутерреш ҷуръат кунад, ҳатто ба гунаи суварӣ ҳам ки шуда, зарбаҳои Ғарб бар Сурияро маҳкум кунад. Вай кишварҳои Ғарбро ба хештандорӣ фаро хонд, ҳарчанд медонист, ки ин зарбаҳо ҳар кадом мехе бар сарпӯши тобути созмоне буданд, ки вай раҳбарии онро бар дӯш дорад.

Акнун навбати Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ фаро расидааст.

Ин авохир дар бораи ин созмон ва обрӯву эътибораш бисёр сухан гуфта шуда ва бовар бар ин буд, ки он эътиборашро дар хатар нахоҳад афканд, аз ин рӯ арзёӣиву натиҷагириҳояшро мешуд пазируфт ва ҳамчунин иттиҳомот бар Русия дар заҳролуд кардани Скрипалу духтараш низ чун қасри коғазӣ фурӯ мерехт. Акнун натиҷа ҳам маълум аст.

Бино бар суханҳои Сергей Лавров, гузориши ин созмон ҳам ҳаддақалл як далелро, ки мустақиман Русияро аз ин иттиҳомот пок мекард, дар бар нагирифт. ҳамчунин ин арзёбӣ чунон берехту назм таҳия шуда, ки онро мешавад ба ҳар манзуре истифода кард.

Ин пурсиш, ки чаро Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ обрӯву эътиборашро, ки яке аз муҳимтарин ниҳодҳои байналмилалӣ аст, бар бод медиҳад ва рӯзгорашро ба сар меоварад, дар чунин шароите бепосух мемонад.

Аз қазо аҷибтар аз ҳама дар ин рухдодҳо ин аст, ки ин созмонҳои замоне муътабару таъсиргузор ин гомҳои худкушонаро аз барои Амрико дар замоне бар медоранд, ки фармонравоии он бар ҷаҳон дар пеши чашми ҷаҳониён фурӯ мепошад.