Ҳазорон сурӣ барои дастгирии Башор Асад ба кӯчаҳо баромаданд

ИМА, Бритониё ва Фаронса ба идораҳои давлатии Сурия, ки ба фикри онҳо макони истеҳсоли яроқи ҳастаиянд, мушак партофтанд
Sputnik

Ҳазорон сокинони Димишқ ба дастгирии раисҷумҳури ин кишвар Башор Асад баромада, ҳуҷуми ИМА ва шариконаш Бритониё ва Фаронсаро маҳкум карданд.

ИМА, Бритониё ва Фаронса ба идораҳои давлатии Сурия, ки ба фикри онҳо макони истеҳсоли яроқи ҳастаиянд, рӯзи шанбе мушак партофтанд.

Дар умум Амрико ҳудуди 100 мушаки қанотдорашро ба Сурия сар дод.

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳуҷуми Амрикоро ба Сурия маҳкум кард.