ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Кормандони ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба машқи пагоҳирӯзӣ баромаданд, хабар медиҳад сухангӯи ҳукумати ин вилоят Нилуфар Асламшоева.
Пештар хабар дода шуд, ки кормандони ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон дастур гирифтаанд аз ин пас ҳар рӯзи шанбе бомдод, дастаҷамъона варзишу нармиш кунанд.
Чунин дастуреро раҳбари Кумитаи ҷавонону варзиш Аҳтам Абдуллозода додааст. Аммо мубтакири аслии ин дастур Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон дониста шудааст.
Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар шаҳри Душанбе ҳам баргузор шудааст.
Рӯзи 14 апрел кормандони Вазорати кишоварзии ҶТ, Муассисаҳои давлатии "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук", "Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба гӯштин" дар "Боғи ҷавонон", Агентии омори назди Президенти ҶТ дар Боғи "Парчами давлатӣ", Вазорати умури хориҷӣ дар Боғи ба номи устод Рӯдакӣ ба машқи оммавӣ-варзишӣ баромадаанд.