Путин кор бо муҳоҷиронро мушкили музмини Маскав гуфт

Ғайр аз кор бо муҳоҷирон, раисҷумҳури Русия Владимир Путин пурбории роҳҳоро ба унвони яке аз мушкилоти аслии Маскав таъкид кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Пурбории шабакаи автомобилӣ ва танзими заифи ҷараёни муҳоҷират мушкилоти музмини Маскав мебошанд, эълом дошт раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо шаҳрдори Маскав Сергей Собянин.

"Вале мушкилоти музмине ҳаст, ки дар бораашон худи шумо нағз медонед. Ин пурбории шабакаи автомобилӣ ва зарурати танзими дақиқтари ҷараёни муҳоҷират дар пойтахт аст. Ҳамчунин масоили дигаре низ ҳаст, ки онҳоро мову шумо на як бору ду бор муҳокима кардаем", — иброз дошт Путин ҳангоми мулоқот бо Собянин.

Пештар иттилоъ дода шуд, ки Вазорати меҳнати Русия зиёд кардани шумораи квотаҳо барои додани иҷозатнома ба шаҳрвандони хориҷӣ барои корро, ба нақша гирифтааст.

Тибқи нақша, иҷозатномаҳои аз ҳама зиёд дар Маскав (барои 373), Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград (барои 3007 ва 1615 мутаносибан), минтақаҳои Красноярск ва Приморе (барои 427 ва 2751), вилояти Новосибирск (581) ва Округи федеролии Шарқи Дур (3163), дода мешаванд.

Танзими квота барои додани иҷозатномаи корӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ ва даъвати ворид шудан ба Федератсияи Русия барои фаъолияти меҳнатӣ, дар асоси пешниҳодҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии субъектҳо, бо дарназардошти вазъи мавҷуда дар бозори меҳнат, вазъияти демографӣ, принсипи истифодаи афзалиятноки захираҳои меҳнатии миллӣ ва имконоти ҷобаҷокунии шаҳрвандони хориҷӣ, мебошад.