Сохтмони меҳмонхонаву табобатгоҳҳо дар соли рушди сайёҳӣ осон шуд

Воридоти техникаву таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти зерин аз андоз, аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Рўйхати иншооти сайёҳие, ки барои бунёди онҳо воридоти таҷҳизоту техника ва маводи сохтмонӣ аз андоз, аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд маълум шуд. Тавре Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар медиҳад.ю рӯйхати онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 тасдиқ шудааст.

Тибқи қарори мазкур номгӯи иншооти сайёҳӣ муайян гардида, воридоти техникаву таҷҳизот ва маводи сохтмонии иншооти зерин аз андоз, аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд:

— меҳмонхонаҳо, аз ҷумла, меҳмонхонаҳои махсус (хурд, гестҳаус, ҳостел);

— осоишгоҳҳои табобатӣ, истироҳатгоҳҳо, фароғатгоҳҳо;

— марказҳои хизматрасонии маҷмӯии сайёҳӣ (маҷмааи сайёҳӣ);

— нуқтаҳои хизматрасонии маҷмӯии сарироҳӣ (мотел);

— боғҳои фарҳангию фароғатӣ;

— мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва динӣ (осорхонаҳо, зиёратгоҳҳо, иншооти таърихӣ);

— инфрасохтори моҳигирӣ ва шикор бо мақсади сайёҳӣ;

— тарабхонаҳои дорои бренди байналмилалӣ;

— марказҳои истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ;

— пойгоҳҳои махсуси мутобиқгардонии минтақаҳои баландкӯҳ барои сайёҳон;

— маҷмааи сайёҳию лижаронӣ;

— марказҳои омӯзишӣ барои кӯҳнавардӣ, лижаронӣ, роҳбаладӣ.

Фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"  эълон шудани соли 2018 охирҳои моҳи декабри соли гузашта ба имзо расид.

Кишвардори Тоҷикистон 22-уми декабр ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард, ки соли 2018 Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шавад.

"Пешниҳод мекунам, ки соли 2018 — Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад", — гуфта буд раисҷумҳури кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишвар тамоми имконоташро барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон равона хоҳад кард.

Соли 20017 дар Тоҷикистон бо пешниҳоди кишвардори Тоҷикистон "Соли ҷавонон" эълон шуда буд.