ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Шоми мусиқии фаронсавӣ дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи Франкофонӣ, аз 9 то 15 апрел бо дастгирии сафорати Фаронса ва Вазорати фарҳанг дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешавад, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати фарҳанг.
Гуфта мешавад, ки дар доираи чорабиниҳои Ҳафтаи Франкофонӣ 13 апрел соати 18:00 дар театри давлатии "Лӯхтак" намоишномаи "Шоҳзодаи хурд" аз рӯи асари Антуан де Сент Экзюпери дар таҳияи Юлия Москалевич намоиш дода мешавад.
14 апрел соати 11:00 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ, донишҷӯён намоишнома бо забони фаронсавиро, ки дар ҳамкорӣ бо коргардон аз Фаронса Фредерик Кофман таҳия гардида аст, манзури тамошобинон мегардонанд.
14 апрел соати 15:00 Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский дар ошёнаи сеюми театри ба номи А.Лоҳутӣ нахустнамоиши "Дар он ҷои дигар"-ро аз рӯи пйесаи драматурги фаронсавӣ Кристина Вистюп, ки аз ҷониби Амал Ханум Гаджиева ба забони русӣ тарҷума гардидааст, дар таҳияи Хуршед Мустафоев ба бинандагон пешкаш менамояд.
Аз 10 то 14 апрел дарсҳои омӯзишӣ оиди хӯрокҳои фаронсавӣ барои ошпазони ҷавони Тоҷикистон аз ҷониби ошпази фаронсавӣ Фредерик Муссет гузаронида мешаванд.
Аз 13 то 22 апрел дар Маркази фарҳангии "Бохтар" семинар-машваратҳо оиди методҳои омӯзиш додани забони фаронсавӣ барои омӯзгорони забони фаронсавии Тоҷикистон баргузор мегарданд. Машғулиятҳоро мутахассисон аз Фаронса – Имен Маачи ва Абрахам Алакон мегузаронанд.
Инчунин дар Маркази фарҳангии "Бохтар" ва ва Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғаффуров Ҳафтаи филмҳо ба забони фаронсавӣ хоҳад гузашт.
Даромад ба ҳамаи ҷорабиниҳо озод аст.
Ҳафтаи Франкофонӣ ба фарҳанг ва забони фаронсавӣ бахшида шуда, дар баробари Рӯзи байналмилалии Франкофония, оғоз аз соли 1998 тар тамоми ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамасола дар 70 кишвари дунё зиёда аз 1500 чорабинӣ бахшида ба Ҳафтаи Франкофонӣ ба қайд гирифта мешавад, ки ин аз рушди забони фаронсавӣ ва фаъолияти авҷноки ташкилотҳое, ки фарҳанги фаронсавиро паҳн намуда, муколама бо дигар мамлакатҳоро ба роҳ мемонанд, шаҳодат медиҳад.