Шамолак мевазад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Имрӯз, 13 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, ҳаво тағйирёбандаи абрноки бебориш шуда, вазиши шамол дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон ба огоҳии шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрӣ ва бебориш мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Боду ҳавои рӯз: то охири ҳафта дар Тоҷикистон ҳаво сард мешавад

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 2-3 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа сард ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво офтобӣ шуда, бод аз сӯи шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9-4 ва рӯзона 27-32 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона дар водиҳо 6-11 ва рӯзона 25-30 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда пешбинӣ шуда, ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.