Узбакистон ва Русия шумораи парвозҳоро афзоиш хоҳанд дод

То кунун ҳамлу нақли ҳавоии Русия танҳо 45 адад парвозро дар ҳафта ба хатсайри Узбакистон истифода мебурду халос
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Мақомоти ҳавопаймоии Узбакистон ва Русия дар мавсими зимистонаи солҳои 2018/19 парвозҳои байни ду кишварро то ба 20% афзоиш хоҳанд дод, гуфт намояндаи "Госавианадзор".

"Дар мавриди парвозҳои мавсими тобистон оид ба афзоиши парвозҳо то ба 86 адад дар як ҳафта аз ҷониби ҳар як тараф, мувофиқат шуд. Дар мавриди парвозҳои зимистонаи 2018/19 бошад, ба нақша гирифта шудааст, ки онҳо то ба 105 адад зиёд карда мешаванд", — гуфт мусоҳиби  РИА Новости.

Ба гуфти ӯ, то кунун ҳамлу нақли ҳавоии ФР танҳо 45 адад парвозро дар як ҳафта истифода мебурданду халос.

Чанде пеш хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ФР гузориш дода буд, ки мақомоти ҳавопаймоии ду кишвар дар робита ба афзоиши дучанди парвозҳои дуҷониба, мувофиқат кардаанд.

Пештар раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба ҳавопаймои миллӣ иҷозат дода буд, ки чиптаҳои парвозҳои байналмилалиро бо қиммати камтар аз ҳазинаашон фурӯшанд. Ин ба "таъмини рақобатпазирии парвозҳо" имкон медиҳад.

Мирзиёев ба Вазорати молия ва NAC дастур дод, ки механизми коҳиш додани заминаи андозбандиии ширкатҳои ҳавопаймоиро то ба сатҳи арзиши фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ бо нархҳои поён, кор карда бароянд.

Қаблан роҳбари ҷумҳурӣ дар нисбати кори интиқолдиҳандаи ҳавоии миллӣ як қатор даъвоҳо изҳор карда буд.